ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН

Душанбе, 28/10/2024-16:59

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву ватансозӣ ва ватандӯсту меҳандӯст ба камол расонидани насли наврасу ҷавон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагон Ватан” пайваста вохӯрию мулоқотҳо мегузаронанд.

Дар доираи нақшаи мазкур мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ф. Сафаров дар МТМУ№9-и ноҳия бо аъзоёни намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ баргузор намуд. Мудири бахш зимни суханронии хеш зикр дошт, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву ватансозӣ ва ватандӯсту меҳандӯстӣ, дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ба камол расонидани насли наврасу ҷавон падару модар, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа ҳаматарафа бояд кӯшиш намоянд. Инчунин дигар баромадкунандагон оид ба мавзуъҳои гуногун андешаронӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *