14/10/2024-16:35
Конференсияи XVII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш доир гардид. Дар кори конференсия муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Мавлон Юсуфӣ Хайринисо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, муовини раиси ноҳияи Вахш Муҳаммадӣ Шарифзода иштирок намуданд.
Конференсияи мазкур аз масъалаҳои зерин иборат буд. Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ;
-Дар бораи ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ;
-Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, интихоби вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои ҷорӣ.
Дар оғоз ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳияи Вахш дидан намуданд. Конференсияи XVII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия Ватанзода Сабоҳат Ватан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод.
Ҳамчунин, иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлоли комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати саросарист, ки мо-ҳизбиён дар чорабиниҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон сухан карда истодаем. Дар дувуним соли охир шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 155 адад расонида шуд, ки нисбат ба аввали давраи ҳисоботӣ 10 адад зиёд мебошад.
Дар ин давра шумораи аъзои ҳизб дар ноҳияи Вахш ба 13 ҳазору 952 нафар расонида шуд, ки нисбат ба давраи ҳисоботӣ 2 ҳазору 367 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра сифати қабул ба узвияти ҳизб хубтар шуда, шумораи занон ба 5 ҳазору 953 нафар расид, ки дар муқоиса бо шумораи умумии аъзои ҳизб 42,7 фоизро ташкил медиҳад. Ба ҳамин монанд шумораи ҷавонон дар сафи ҳизб, дар муқоиса бо нишондиҳандаи аввали давраи ҳисоботӣ, афзуда ба 3 ҳазору 851 нафар расида, ё худ 27,6 фоизро ташкил медиҳад.
Аз рӯи масъалаи дуюм ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Дар идома музокирачиён Мирзоев Сироҷиддин, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён», Ёров Худойдод, вакили Конференсия аз ТҶҶ “Созандагони Ватан”, Нодирова Зебонисо, вакили Конференсия, аз ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”, собиқадори ҳизб ба сухан баромада, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро қаноатбахш ҳисобиданд.
Сипас, муовини раиси ноҳияи Вахш Муҳаммадӣ Шарифзода ба сухан баромада, иброз дошт, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш нақши калиди дошта дар тамоми чорабиниҳо ва ташаббусҳои хайрхҳона пешсаф мебошад.
Бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзоёни фаъоли ҳизб Тоҷикистони азизи мо ба суйи ояндаи дурахшони соҳибистиқлоли кишвар омада расида истодааст.
Боиси ифтихор аст, ки мо-аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳастем ва аъзои ин ҳизб будан масъулияти баландро талаб мекунад.
Зимни баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро қайд дошт, ки зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ва таъмини онҳо бо шиору овезаҳои ҳизбӣ, иҷроиши нақшаи обуна барои соли 2025 ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, навиштани хабару андешаҳо аз рафти фаъолияти кори ҳамарӯзаи ҳизбиёни ноҳия, нақши рейтинги ҳизбӣ, суҳбату вохӯриҳо тариқи усули “Хона ба хона” изҳори назар намуд.
Ҳамчунин, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Юсуфӣ Хайринисо ба сухан баромада доир ба ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози назар карда, иброз дошт, ки аз санаи таъсис то ба имрӯз қадру манзалати ҳизб бо раиси Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам шуда, дар таҳкими идиолгия мамлакат саҳми арзанда дорад.
Мавсуф илова намуд, ки ҷавонони тоҷик бояд ҳушманд бошанд, арзишҳои миллии худро шиносад ва арҷ гузоранд. Инчунин, аз таърихи худ огоҳ бошанду ояндаи дурахшонеро созанд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш интихоб гардиданд. Тибқи масъалаи чорум аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш низ аз нав интихоб гариданд.
Аз рӯи масъалаи панҷум вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Бояд зикр кард, ки баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи конференсия Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба кори худ оғоз кард.
Маҷлиси мазкур аз ду масъала иборат буд: Интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.
Аз рӯи масъалаи якум аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш интихоб гардиданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Юсуфӣ Хайринисо иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода Сабоҳат Ватан пешбарӣ мегардад. Мавсуф аз нав ба ин вазифа интихоб гардид.
Дар охир якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояҳои ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб қадрдонӣ гардиданд.