ИҚДОМИ НЕК

Душанбе, 28/10/2024-14:54

Баҳри амалигардонии Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2025 ва таҳкими тақвияти масъулияти падару модар ва фарзандон дар муносибатҳои оилавӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, нақши оила дар тарбияи фарзандон Бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш озмунҳои “Хушдомани беҳтарин” ва “Фарзанд – боғи падару модар”-ро баргузор намуд.

Тоҷиниссо Расулова, мудири бахши занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва мутахассиси бахши САҲШ – и ноҳия Замираи Қурбон зимни баргузории ин озмунҳо аз вазъи оилаҳои Кароматхон Машрабова ва Хосият Абдуллоева дидан намуданд.

Ҳамчунин аз оилаи Ҳалимовҳо, ки фарзандони худ Ҳасан ва Ҳусайнро ба хизмати Ватан фиристода буданд, аз Ҷамоати деҳоти “20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дидан намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *