Панҷшанбе, 15/10/2024-10:12
Дар Ҷамоати деҳоти “Машъал” вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо сокинон баргузор гардид.
Зимни мулоқот бо аҳолӣ оид ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, расму оини мардумӣ, ҷалби хонандагони синфҳои болоӣ ба дарсҳо, беталаф ғундоштани ҳосили пахта, пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии обу барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бархӯрди тамаддунҳо, корҳои ободонӣ ва созандагӣ таъкид намуданд.