ХИДМАТ БА ВАТАН-МУҲАББАТ БА МЕҲАН АСТ

02.10.2024-13:05

Хидмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар шахс ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад. Хидмат ба Ватану халқ қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллату давлат мебошад. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозаш фахр мекунад, зеро на ҳар кас сарбоз шуда метавонад.

Ватан мисли модар аз фарзанди худ танҳо дӯстдорӣ, ҳимоят, муҳофизат, садоқат, хидмат ва форманбардориро талаб мекунад.

Месазад барои ду гавҳари ноёб Модар – Ватан ҷони худро дареғ надошта, ҳамеша дар хидмат, ҳимоя, муҳофизат ва қадрдонии онҳо бошем.

Абдуалимзода Хусрав Салим, фарзанди Муовини аввали раиси ноҳияи Вахш, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мехоҳад, қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан – Модар ба иҷро расонад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *