БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ “КӮЛОБ”

28/09/2024-17:00

28 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш боздид намуда, бо пахтачинон суҳбат карданд.

Роҳбари хоҷагӣ иттилоъ дод, ки дар ҳудуди 1000 гектар пахта кишт карда шуда, то имрӯз 1000 тонна чида, ба корхонаҳои коркарди пахта супорида шудааст. Дар чиниши аввал аз ҳар як гектар то 10 сентнер ҳосил рӯёнида истодаанд. Кишоварзон нашъунамои пахтаи имсоларо хуб арзёбӣ мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо дар ҳамаи 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони вилоят баҳри беталаф ғундоштани ҳосили “тилои сафед” аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

Давлаталӣ Саид масъулонро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён вазифадор намуда, таъкид намуданд, ки барои ҷамъоварии ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқон мусоидат намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *