ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Чоршанбе, 14/08/2024-17:10
Аз сарчашмаҳои таърихи аён аст, ки либос яке аз ихтирооти беҳтарини инсоният маҳсуб меёбад. Дар марҳилаи аввали пайдоиши либос инсоният онро барои муҳофизати бадан истифода мекард. Бо мурури замон либос ҳамчун ифодакунандаи фарҳанги иҷтимоӣ, анъанаҳои миллиро соҳиб гашт. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қиммати баланд доштанд.
Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова ба ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад. Либоси атлас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷуву хонандаи мактаб.
Мутаасифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард. Сатру ҳиҷоб ба мардуми тоҷики мо куллан бегона аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғанӣ миллати худ истифода намекунанд. Қайд намудан лозим аст, ки мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишварамон аз солҳои пешин дошт.
Бояд гуфт, ки модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои равнақу расми анъанаҳои гузаштаи мо вобаста ба пӯшидани сару либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, на балки сатру ҳиҷоби барои мардуми бегонаро тақлидкорӣ намоянд. Тақлидкорӣ ба либосҳои ба фарҳангу маданияти мо бегона кори хуб нест, зеро ин бонувон симои миллии худро аз даст медиҳанд .
Арҷ нагузоштан ба фарҳанг, ҳунар ва тамаддуни таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Мо бояд фарҳанги бою ғании худро ба ояндагон мерос гузорем.
Мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар н. Вахш Шарипова Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *