Сешанбе, 13/08/2024-15:03
Зӯроварии хонаводагӣ, муноқишаҳои оилавӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлубе, ки ба ҷудоӣ байни зану шавҳар оварда мерасонад, яке аз масоили мубрами рӯз буда, барои пешгирӣ аз он чораандешӣ намоем.
Ҷудошавии оилаҳо, зӯроварии хонавода, зӯроварӣ нисбати наврасон яке аз масоиле мебошад, ки боиси нигаронӣ гаштааст. Мо насли калонсолро лозим аст, ки пеш аз оиладоршавӣ ба онҳо муқаддас доштани оилаву оиладориро фаҳмонем. Ҷавонон бояд донанд, ки пеш ҳама оила масъулияти баландро талаб мекунад. Таъминоти оиларо бар дӯш гирад. Аксарияти волидайн писарам ба хизмати ҳарбӣ наравад гуфта, 18-20 сола оиладор мекунад, ҳол он ки худи ӯ ҷавон ба оиладорӣ омода нест. Пас аз 1 сол кӯдакдор шуд, сар мешавад ҷанҷоли оилавӣ аз барои як собун, ё шире, ки кӯдак истеъмол мекунад. Ягона роҳи халосиро дар ҷудоӣ мебинанд. Андеша намекунанд, ки аз оила ҷудо мешавӣ, лекин супоридани алимент дар дӯшат бор аст. Хоҳӣ нахоҳӣ онро месупорӣ. З-ин рӯ, аз падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандонро насиҳат кунанд, ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон монеъ шаванд. Нагузоранд аз паси ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ кӯдаки маъсуме хору зор ва гарданкаҷ гардад. Волидайни дурандеш бошанд, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки фарзандаш аз пайи ашё ё ғизоӣ кӯдак то ҷудошавӣ расад. Ҳатман кӯшиш мекунад, то оилаи фарзандаш обод бошад.