ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НАМОЯНДАГОНУ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

Панҷшанбе, 18/04/2024-15:27

9 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат бо намояндагони фаъолони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуда, оид ба Қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, хурофотпарастӣ, пайрави ба равияҳо бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарғиби фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ суханронӣ намуданд. Хурофотпарастӣ ва пайрави ба равияҳои бегона, исрофкорӣ дар маъракаҳои азодорӣ аз байн бурдани он вазифаи мо мебошад. Дар рафти зиёрати хонаи Худо, дар чанд соли охир ба як мусобиқаи байни ҳамдигарӣ табдил додаанд. Аксарияти онҳое, ки ба зиёрати хонаи Худо мераванд, бояд қалби хеш пок созанд. Ман шоҳиди зиёрати хонаи Худо рафтани нафаре ҳастам, ки писару келинаш аз ҳамдигар ҷудо шуда буданд, келин бегона неву духтари холааш буд. Бинобар сабаби ҷудо шудани фарзандон, ки аз ин никоҳ як фарзанд доштанд, апаву хохар бо ҳамдигар қаҳрӣ, хоҳар барқасди апа ба зиёрати хонаи Каъба рафта, ҳатто ҳамон фарзанди 10- солаи хабар нагирифта буд. Магар Ҳаҷи чунин ашхос қабул мешуда бошад? Оё бояд андеша накард, ки наберааш дар дари бобо, агарчанде на гурусна буду на ташна, ҳатто боре як килограмм қанди сафед барои наберааш наовардааст. Оё чунин аст, фазилат инсонии мо? Ба кадом роҳ наровем, худ намедонем… Қалби пок надорем… Барои ба даст овардани дили ятимон, дастгирии ниёзмандон бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Вале афсӯс, ки аз намоиши бесобиқаи дастурхон, исрофкориву хароҷотҳои беҳуда дода шуда, аз ҳоли аҳволи ашхоси яккаву танҳо хабар намегирем. Моро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, дастгирии ниёзмандон бошем.

Шабафрӯзи Муқим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *