ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ  АСР

Душанбе, 11/03/2024-14:25        

         Тайи  чанд соли охир ибораи «терроризм» ва «террорист» вирди забони ҷаҳониён гашта, он чун хатари аз байн бурдани тамаддунҳо ва харобкунандаи зиндагии одамон шинохта шудааст.

         Вожаи терроризм (лотинӣ) мафҳуми «террор»-у «тарс» ва «ваҳшоният»-ро дошта хатарест, ки сар задани онро ҳанӯз касе пешгӯйи карда наметавонад.

         Ҳадафҳои геополитикӣ на ҳамеша ба манофеи кишварҳои абарқудрат тамом мешавад, зеро ин ё он абарқудрат мехоҳад дар ҷаҳон нуфузи зиёдтар ва манбаъҳо ё захираҳои табиии бештарро дар ихтиёр дошта бошад. Баъзан муборизаҳои иқтисодӣ чунон шиддат мегирад, ки он ба задухӯрдҳои мусаллаҳона табдил меёбад.

         Пӯшида нест, ки террористон мақсад доранд набзи сайёраро дар даст дошта бошанд. Онҳо мехоҳанд соҳиби давлат, сохти сиёсӣ ва қудрат бошанд. Агар мақсади террористон ҷомаи амал пӯшад, дар ҷаҳон мувозинати ҳаёту зиндагӣ тағйир меёбад.

         Башарият инро дар симои се созмони террористӣ «Ал –қоида» (низом), «Толибон» (донишҷӯ) ҳамчун созмонҳои террористӣ дар солҳои 70-уми қарни гузашта зуҳур карданд, «Дииш» (давлати бо ном Исломии Ироқу Шом) бошад соли 2010 дар хоки имрӯзаи давлатҳои Ироқу Сурия аз худ дарак дод.

         Ҳадафи «Ал-қоида» муборизаи идеологии динӣ буда, мақсади он бо ном «устувории Ислом», мубориза бо аҳдофи коммунистӣ (замоне, ки сотсиализм СССР вуҷуд дошт) ва ҳукмфармоӣ аз болои ғановати табиии дунё, зеро амалисозии ягон ҳадаф бе дастгирии молиявӣ пирӯз шуда наметавонад.

         Намунаи инро метавонем дар фаъолияти  террористи рақами 1 дунё Бинни Лодан (имрӯз ҷисман вуҷуд надорад) нишон диҳем.

         Вай чандин нуқтаҳои нафтро дар қитъаи Африқо дар ихтиёр дошт ва аз маблағи фурӯши нафт  террористони ҷаҳонро дастгирӣ мекард.

         Бинни Лодан фаъолияти террористиро дар кишварҳои арабӣ, Покистону Афғонистон идома бахшида, солҳои 70-80-уми асри гузашта ҳамчун роҳбар амалҳои террористиро ба муқобили неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон идома бахшидааст.

         Бинни Лоданро яке аз муассисони ҳаракати террористии «Толибон» дар Афғонистону Покистон медонанд, зеро вай натанҳо ин созмонро бо маблағ дастгирӣ мекард, балки ба онҳо идеологияи дурӯғини «Ислом дар хатар», «коммунистон-душманони воқеии Ислом» таблиғ менамуд.

         Натанҳо Бинни Лодан, балки дигар  саркардаҳои созмонҳои террористӣ муборизаи худро ҳақ шумурда, ҷор  мезананд, ки онҳо дар ҷаҳон барои «озодии эътиқод», «демократия», «таъмини ҳукуқи инсон», «озодии сухан» мубориза мебаранд.

         Ин сипаре буду ҳаст, ки онҳо чеҳраҳои манфури худро бо он пинҳон менамоянд.

          «ДИИШ» дар кишварҳои Ироқу Сурия, ки як қисмати марзи ин мамлакатҳоро тасарруф намуда буданд, бадбахтиҳои зиёде ба сари мардум оварданд.

         Беш аз се миллион сокини Ироқу Сурия гуреза шуда, дар Осиё ва  Аврупо паноҳанда  шуданд.

         Сурия, ки яке аз давлатҳои қадимаи сайёра аст, қариб, ки аз он чизе боқӣ намондааст.

         Марказҳои қадимаи фарҳангӣ, ибодатгоҳҳо, макони сайру саёҳатии он, ки ҳамасола миллионҳо сокинони олам онҳоро чун сайёҳ медиданд, онҳо ба вайрона табдил ёфтанд.

         Дар Сурия ва Ироқ даҳҳо ҳазор сокини осоишта аз амалҳои террористӣ кушта шудаанд, ки нисфи бештари онҳо кӯдакон мебошанд.

         «ДИИШ» бо кумаки неруҳои  зиддитеррористии байналмилалӣ маҳв гардид, аммо хатари он ҳанӯз аз байн нарафтааст.

         Ҳаракати террористии «Толибон» аз соли 2001 бад ин тараф дар Афғонистон фаъолияти худро бештар кардааст. Албатта, як замоне бо ба сари ҳукумат омадани Ҷумҳурии Исломи Афғонистон» (2001) ҳаракати «Толибон» фаъол набуд, дар ин кишвар мустақар гардидани неруҳои хориҷӣ боиси аз сари нав сар боло намудани «Толибон» гардидааст.

         «Толибон» чун ҳаракати таҳрибкори террористӣ мақсади ба қудрат расидан дар Афғонистонро доранд. Агар чунин ҳадафи онҳо амалӣ гардад, барои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, пеш аз ҳама Тоҷикистону Ӯзбекистон, хатари ҷиддӣ ба миён меояд. Ин хатар ҳатто минтақаро таҳдид карда метавонад, зеро ба сулҳу субот латма ворид мегардад.

         Имрӯз дар ҷаҳон созмонҳои байналмилалии зидди террористӣ боз ҳам муттаҳидтар гашта, ба муқобили онҳо дар ҳар шакле, ки зуҳур накунанд, муборизаҳои дастҷамъона сурат хоҳад гирифт.

Саидакбари СОҲИБНАЗАР, омӯзгорӣ  МТМУ   № 11 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *