Day: March 11, 2024
ИМРӮЗ-РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Иқтибосҳо аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик
ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 март аз нашри нахустин рӯзнома ба забони тоҷикӣ «Бухорои Шариф» 112 сол сипарӣ гардид. 11 марти соли 1912 дар Бухоро нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардид. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад ва ин сана…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро расонам….
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Душанбе, 11/03/2024-14:28 Муҳтарам аҳли қалам, собиқадорони матбуот! Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар арафаи истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад, рӯзноманигорон, ноширон ва тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаро табрику таҳният гуфта, бароятон комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори хушу осуда таманно мекунам. Қабл аз ҳама, мехостам ба ҳар яки шумо барои ҳамкории хубу пурсамар бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти…
ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР
Душанбе, 11/03/2024-14:25 Тайи чанд соли охир ибораи «терроризм» ва «террорист» вирди забони ҷаҳониён гашта, он чун хатари аз байн бурдани тамаддунҳо ва харобкунандаи зиндагии одамон шинохта шудааст. Вожаи терроризм (лотинӣ) мафҳуми «террор»-у «тарс» ва «ваҳшоният»-ро дошта хатарест, ки сар задани онро ҳанӯз касе пешгӯйи карда наметавонад. Ҳадафҳои геополитикӣ на ҳамеша ба манофеи кишварҳои абарқудрат…
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Душанбе, 11/03/2024-14:06 Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардида, дар он муовинони шаҳру ноҳияҳо, сармуҳаррири нашрияҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, соҳавӣ, собиқадорони матбуот ширкат доштанд. Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, дар озмуни вилоятии “Нерӯи сухан”, ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид.