Ҷумъа, 01/03/2024-16:13
Дар Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Вахш дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Вахш дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаву маҳаллаҳо, бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки муовини раиси ноҳияи Вахш Муҳаммадӣ Шарифзода, намояндагони шуъбаҳои КДАМ, сардори ШВКД-и ноҳияи Вахш, Абдураҳим Ғаффорзода, муовини КИ ҲХДТ, сардори Раёсати молия, Нозироти Андоз, мудири Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Агенти шуғли аҳолӣ ва намояндагони дигар мақомотҳо бо сокинони маҳаллаи М. Турсунзода, вохӯрӣ баргузор гардид.
Муҳаммадӣ Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Вахш оид ба Паёми Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, таълимоти ғайридинӣ, исрофкорӣ, риояи расму оинҳои динӣ, сарфу хароҷотҳои беҳуда дар маросимҳои азодорӣ ва ғайра суханронӣ намуданд.
Аҳли нишаст ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.