МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ КОРИ ҲАМАГОН

Сешанбе, 18/04/2023-15:06

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад.

Зуҳуроти коррупсия решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Ҳанӯз 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» қабул гардида, дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян карда шуданд.

Ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуданд.

Мо бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем. Тавре ки зикр гардид, дар мубориза бо коррупсия шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд саҳми муҳим гузоранд. Бо ҳамин мақсад, зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шаванд.

Ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан, дар байни ҷавонон баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ аҳамияти махсус дорад.

Барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ зарур аст, ки чорабиниҳои иловагӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд. Чунин муносибат метавонад боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шуда, назари онҳоро нисбат ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир диҳад, то онҳо ҳуқуқу манфиатҳояшонро дар доираи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд.

Ба шаҳрвандон бояд нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, тарзу роҳҳои ҳуқуқии муқовимати мардум ба амалҳои коррупсионӣ, кирдорҳои коррупсионии шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, алалхусус, дар самтҳои тақсим ва вобаста намудани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, таъсису барҳамдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасонии коммуналӣ, андоз, ҳуқуқвайронкуниҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гузаронидани санҷиш, таҳқиқ ва тафтишот, ки айни замон боиси ташвиши шаҳрвандони кишвар шудааст, фаҳмонида шавад.

Дар ин раванд, тавассути барномаҳои фарҳангӣ бо роҳи нишон додани паҳлуҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ, оқибатҳои номатлуби иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқиву маънавӣ, ҳуқуқӣ ва зиёни он ба саломатӣ, манфиати оила ва фарзандон, метавон ба раванди мубориза ва муқовимат ба коррусия таъсири мусбат расонид.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат нишонаи равшани мақсаду мароми қатъӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳамаи мо бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниву пешгирикунанда ва ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин, иҷрои талаботи қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардем.

“Вахш”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *