ХАЙР КАРДАН ҶАВҲАРИ ИМОНИ МОСТ

Якшанбе, 19/03/2023-10:38

Паёмбари Акрам Салаллоҳу алайҳи ва олиҳи вассалам фармудааст: «Маҳбубтарини шумо ба ман ва наздиктаринатон дар рӯзи қиёмат хушхулқтарин ва мутавозуътарини шумост».

Некию некӯкорӣ, худшиносию худогоҳӣ, дӯстию рафоқат мафҳумҳое мебошанд, мисли гӯшту нохун бо ҳам пайванданд ва дар қалби инсони ботамкину бофарҳанг ҳисси инсондӯстӣ, одаму одамгариро эҳё намуда, маънавиёти моро тақвият медиҳанд.

Некӣ кардан яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонист. Дар ин дунёи фонӣ ба ҷуз кори некӯ, номи накӯ дигар ҳеҷ чиз аз одамизод боқӣ намемонад.

Бо ташаббуси ТҶБХ “Эҳёи Сомон” ва Барномаи тақдми маводи озуқаворӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти хайриявии Дубай ба 100 маъюбони гурӯҳи 1 ноҳияи Вахш кумаки яквақтаина расонида шуд.  ТҶБХ “Эҳёи Сомон” дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирию кумак  ба ниёзмандон сармашқи кори хеш қарор дода, ба оилаҳои маъюбону аз қабили орд, равған, шакар, макарон, чойи қоқ ва хурмо кумак карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *