БОЗДИД АЗ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ БУРСАИ ТУРКИЯ

Ҷумъа, 16/09/2022-09:41
Дар шаҳри Бурсаи Туркия мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят бо роҳбарият ва аъзои Палатаи савдо ва саноати Бурса баргузор гардид.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Бурса Иброҳим Буркай ба меҳмонон доир ба шароити фаъолият ва дастовардҳои ширкатҳои тиҷоратию истеҳсолии ин шаҳр маълумот дод. Корхонаҳои истеҳсолию саноатии шаҳри Бурса солона ба маблағи 17 миллиард доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содирот мекардаанд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни вохӯрӣ доир ба заминаҳои рушди ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии Бурса ва лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятнок дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои мутақобилан судманд сухан гуфт.
– Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҷалби сармоя шароити муосид фароҳам овардаву минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил намудааст, инчунин аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ низ онҳо бархӯрдоранд, – афзуд Қурбон Ҳакимзода. – Айни ҳол дар вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ – “Данғара”, “Кӯлоб” ва “Панҷ” фаъолият мекунанд. Дар ҳудуди ин минтақаҳо фаъолияти корхонаҳо аз ҳама намуди андозҳо озод мебошад ва субъектҳои соҳибкорӣ танҳо андоз аз даромад ва суғуртаи иљтимоии кормандонро пардохт менамоянду халос. Дар ҳудуди Минтақа воридоту содироти ҳама намуди маҳсулот аз пардохти гумрукӣ озод мебошанд.
Қайд гардид, ки ташрифи ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия ба дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим байни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содиротнигаронидашуда бахшида шудааст.
Ҷонибҳо дар мулоқот таъкид намуданд, ки тавассути гуфтушунид ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи корхонаҳои истеҳсолии Туркия ҳамкории гуногунсамтро байни шаҳри Бурса ва вилояти Хатлон бо таъсиси корхонаҳои муштарак ба роҳ мондан имконпазир мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *