Душанбе, 27/06/2022-08:33
СУХАНРОНИИ
раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди Рȳзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷмааи фарҳангии «Офтобак», санаи 25 июни соли 2022
Ҳозирини гиромӣ!
Дȳстони азиз!
Бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромии ҳамешагӣ дар ватани маҳбубамон дар ин лаҳзаҳо мардуми сарбаланди кишвари азизамон бо роҳбари хирадманд ва сулҳовари худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-умин солгарди Рȳзи Ваҳдати миллиро бо тантана ҷашн гирифта истодаанд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Вахш низ дар қатори дигар ҳамватанони худ баҳри истиқболи бошукȳҳ ва таҷлили ин ҷашни фархундаи миллиамон омодагии ҳамаҷониба дида, як қатор чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиро дар заминаи ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо баргузор намуда, идомаи чорабиниҳо дар ин самт то ҳол идома доранд.
Дар ин толори зебову барҳавои замонавӣ, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комил дар кишварамон сохта ба истифода дода шудааст, ҳамагон баҳри гиромидошти ин санаи муқаддас ҷамъ омадаем.
Иҷозат диҳед сараввал ман аз номи худ ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ҳамаи Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди Рȳзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатӣ ва рȳзгори ободу осударо таманно менамоям.
Бисту панҷ сол муқаддам дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рȳйдоди бузурги таърихӣ ба вуқȳъ пайваст, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва – пойтахти Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон ба имзо расид.
Ва ин санади тақдирсоз дар таърихи давлатдории тоҷикон таҳаввулоти бунёдиро асос гузошт.
Маҳз имзои ин Созишнома дар Тоҷикистон барои амалӣ гаштани чандин нақшаҳо заминаи воқеӣ ба миён овард.
Ҳозирин гиромӣ!
Дар даврае, ки баъди садсолаҳои нокомӣ сарнавишт ба мардуми тоҷик Истиқлолият ва давлати миллиро ато кард, душманону бадхоҳон тавонистанд, ки мардуми моро дар як муддати кȳтоҳ ба ду ҷабҳа тақсим кунанд.
Ҷанги ҳамватанӣ барои бақои давлату миллати мо то ҳадде хатарнок буд, ки ҳатто бародарро бо бародар, падарро бо писар ва модарро бо духтар паси сангарҳо ба ҳам муқобил гузошт.
Мардум ҳанȳз шаҳди истиқлол ва давлатдории миллиро начашида, аҳамияти ин неъмату атои бебаҳои худовандро эҳсос накарда, вориди муноқишаҳои хунину нангини дохилӣ шуд.
Беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон тарки ватан ва ҷойҳои доимии зист карда, ба азобу уқубати ғарибӣ гирифтор шуданд.
Дар ин айёми вазнину пурмасъулият рисолати таърихии ниёгонро абармарди баору номус ва идомадиҳандаи оини шȳҳратманди аҷдодӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифт.
Бо баргузор гардидани Иҷлосияи 16 – уми тақдирсози Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон 30-солагии онро ҷашн мегирем, вакилон баъд аз суханронии ҷавонтарин намояндаи мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд, ки танҳо ȳ метавонад бо ақлу заковат ва нерȳю тавоноияш барои садди роҳи хунрезӣ шудан мусоидат намояд.
Баъд аз интихоб гардидан ба вазифаи раиси Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари баланди ин ниҳод ȳ назди намояндагони мардум савганд ёд кард, ки тамоми ҳастиашро барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар равона карда, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагиро дар ҳудуди мамлакат таъмин менамояд ва то баргардонидани охирин муҳоҷири иҷборӣ ба Ватан худро орому осуда ҳис намекунад.
Мардуми саргардон аз воқеаҳои сиёсӣ омода буданд, ки барои амалӣ гардидани иқдом ва ниятҳои неки сарвари ҷавони худ дар паҳлȳи ȳ бошанд.
Маҳз бо чунин хислатҳои нек ва суханҳои хирадмандона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дили мардумро тасхир кард ва дар қалби ҳар фарди равшанфикру миллатдȳст ошёни меҳру муҳаббат бунёд намуд.
Сарвари давлат барои ба эътидол овардани вазъият, пешгирии хунрезиҳо дар минтақаҳо, ба маҳалли зисти аввала баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини амнияти онҳо, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ фаро гирифтани онҳо, ба низом даровардани кори мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар марказ ва маҳалҳо, фаъол гардонидани мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкили артиши миллӣ ташаббусу маҳорат нишон дода, дар натиҷа дар ин самт дигаргуниҳои бузург ба амал омад.
Беш аз як миллион гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ маҳз бо ҷаҳду талошҳои доимии ȳ ба маҳалли зисти доимии хеш баргашта, харобаҳоро аз нав обод карда, ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шуданд.
Танҳо ба вилояти собиқ Қурғонтеппа аз давлати исломии Афғонистон 49 ҳазору 500 нафар гурезаҳо бо кȳмаки бевоситаи Сарвари давлат ба маҳали зисти доимии худ баргаштанд ва ба ободу зебо кардани диёри азизамон камари ҳиммат бастанд.
Беш аз 33 ҳазор хонаи сȳхтаю валангоргашта аз ҷониби кормандони Комиссариати Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо аз нав обод карда шуда, ба соҳибони аслиашон дода шуд.
Вазъи онвақтаи моддию техникии ниҳодҳои қудратӣ бошад барои ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон имкон намедод.
Тавре, ки Сарвари давлат қайд менамоянд аз давлати абарқудрати Шуравӣ ба Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳатто як камони чубин мерос намонда буд.
Маҳз бо талошҳои бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рȳзҳои барои миллатамон ниҳоят вазнин Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ташкил карда шуд.
Инак бо гузашти қариб 30 сол Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз лиҳози ҳайати шахсӣ, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва таъминоти техникӣ дар минтақа нерȳмандтарин Артиш арзёбӣ карда мешавад.
Дȳстони азиз!
Агар таҳкими сулҳу устувор намудани ваҳдати сартосарии минтақаҳои кишвар, баргардонидани гурезаҳо, барои раҳоӣ аз гуруснагӣ ба аҳолии мамлакат тақсим кардани 75 ҳазор гектар замин бошад, дар паёмади он созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави кишвар вусъати тоза касб кард.
Имрȳз садҳо корхонаҳои азими саноатӣ фаъол шуда, ҳазорҳо корхонаҳои хурд баробари таъмини ҷойҳои нави корӣ бо маҳсулоти истеҳсолии худ тамғаи истеҳсоли Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо назардошта хоҳишу дархости шаҳрвандон 345 адад иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуданд, ки бо натиҷаи он беш аз 1000 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуда, симои шаҳраку деҳоти ноҳия ба куллӣ дигаргун шуд.
Аз ҳама муҳимаш ба даст овардани чор шарти рушди минбаъдаи ҳаёти кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва ниҳоят саноатикунонии босуръати мамлакат заминагузории рушди босуботи минбаъдаи кишвари азизамон мебошанд.
Маҳз аз баракати сулҳу оштии миллӣ, мо тавонистем бо роҳнамоии сарвари сулҳовари худ ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро таъмин намуда, чорабиниҳои бузурги умумимиллии худро дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил ва баргузор намоем.
Бо устувор гардидани сулҳу ваҳдат дар соҳаи кишоварзии ноҳия низ таҳаввулоти назаррас ба амал омад.
Ислоҳоти соҳа дар мисоли таҷдиди хоҷагиҳо, ҷорӣ намудани шаклҳои наву замонавии хоҷагидорӣ вусъат пайдо кард.
Дар қатори дигар соҳаҳо ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, вазъи демографӣ, танзими расму оин ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати махсус дода шуда, як қатор иншоотҳои хизматрасонии ин соҳаҳо сохта ба истифода дода шуданд.
Барои амалӣ гардидани барномаҳои тасдиқшудаи соҳаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, сол то сол маблағгузориҳо ба ин соҳаҳо афзуда истодааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат, зимни Паёмашон ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 “Солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди рушди саноат» эълон гардидааст, ки давраи ниҳоии он ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ҷиҳати амалӣ намудани ташаббуси пешгирифтаи роҳбари давлатамон ва самимона истиқбол намудани ҷашни фархундаи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона хизмат намуда истода, дар бунёд намудани силсилаи иншоотҳои хусусияти иҷтимоӣ ва истеҳсолидошта саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Хулоса сулҳу оромии ҷомеа ва Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мо дар бобати аз буҳрони иқтисодӣ баровардани ноҳия, таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, гузаронидани ислоҳоти иқтисодии ба талаботи замон ва меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллие, ки дар кишвари мо ба даст омадааст сарвати бебаҳо, бузургтарин дастоварди халқамон буда, мо бояд ба қадру қиммати он ба қадри заҳматҳое, ки халқи тоҷик, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кашидаанд бирасем.
Бо чунин мақсаду ниятҳои нек бори дигар Шумоёнро ба муносибати 25-умин солгарди Рȳзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, таманнои онро менамоем, ки парчами сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистони азизамон доимо парафшонӣ намояд.
Саломату сарбаланд бошед!