Чоршанбе,15/06/2022-06:49
Тавре Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар дод, нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд ва Раҷабов Зоир амалиёти махсус гузаронда шуд.
Номбурдаҳо ба талаботи воҳидоти таъйиноти махсус, дар бораи ихтиёран супоридани худ ба мақомот итоат накарда, муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткорон безарар гардонда шуда, аз ҷои ҳодиса
Як адад пулемёти дастии Калашников;
Як адад пулемёти Калашников;
11 автомат Калашников бо 5715 адад тир ва 66 тирдон;
9 адад гранатомёти дастии зиддитанкӣ бо 546 адад тир;
2 милтики мерганӣ бо дурбин;
3 адад тапончаи Макаров бо 198 дона тир ва 10 адад тирдон;
36 адад норинҷаки гуногунтамға бо 15 фурузонак;
20 гулӯлаи гранатомёти зиддитанкӣ;
2 адад дурбини мергании шабона;
3 адад тиризермили гранатомёт;
1 адад найзакорд;
19 фишанги тарканда;
5 адад мухобира;
18 адад қуввадиҳандаи гранатомёти дастии зиддитанкӣ;
3 адад телефони сенсорӣ, 4 телефони одӣ бо симкорти афғонӣ;
1 адад телефони моҳворавӣ бо чор адад сим-корт;
1 адад аксбардори “Кодак”;
1 адад мавҷқабулкунаки мухобираи “Кодак”;
700-доллари ИМА, 60 сомонӣ;
7 адад камарбанди ҳарби барои тирдон;
7 ҷуфт либоси ҳарбии саҳроӣ;
1 адад дурбини шабона;
— ду нақлиёти сабукрав, ки аз бордони онҳо лавозимоти ҷангии гуногунтамға дарёфт, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатнигорӣ карда шуданд. Ҳамзамон, дар рафти амалиёт 10 нафар алоқаи ҷиноятии онхо дастгир шуд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо Имомназар Шоиширинов 2 автомати Калашников бо 3 тирдон, 120 тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим Шерзамонов – 1 автомати Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ гашт.Аз куҷо ва бо кадом мақсад захира кардани ин миқдор силоҳу муҳимоти ҷангӣ аз ҷониби ин ҷинояткорон бояд дар ҳақиқат боиси нигаронӣ бошад. Медонед чаро? МО ҳамеша аз хатари гурӯҳҳои террористие ҳарф мезанем, ки ҳазорҳо километр аз кишвари мо дуранд, аммо бехабар аз он ки дар дохил низ ашхоси ҷинояткоре ҳаст, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ҳатто силоҳи зиёд ҷамъ кардаанд.
Ҳар ҷомеае аз чунин одамони нопок бояд пок карда шавад!