ҶИНОЯТ БОЗГЎИ ХИЁНАТ

Панҷшанбе, 26/05/2022-13:48
Аз фазои итилоотӣ бахусус шабакаҳои интернетӣ метавон ба хулосае омад, ки солҳои охир густариши таблиғи ақидаҳо, ҷараёнҳои ифротӣ ва тундгароӣ ба назар мерасад ва ин раванд барои амнияти кишвари осоишта ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад.
Сабаби аслии ин падида дар он аст, ки бештари ҷавонон таҳти таъсири таблиғоти онҳо гардида, истифода аз дин ба ҳадафҳои нопоки худ ва барои паҳн кардани тундгароӣ дар ҷомеа ва инкори арзишҳои дунявӣ, рушди ҷомеа мусоидат менамоянд.
Рафтори разилонаи гурўҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони Бадахшонӣ, таъсири амиқе расонидааст, ки онҳо гумроҳ шуда ба ҳаракати гурўҳҳои ифротгарову ситезагў, бахусус дар гурӯҳҳои бешарафон чун Алим Шерзамонов, Улфатхоним Маҳмадшоева ва Мамадбоқир Мамадбоқиров шомил шудаанд ва лухтаки дасти ин касофатону бешарафон гаштаанд.
Ҷавонони раҳгумзадаву тираақли Бадахшонзамин, бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз касодии неруву зеҳнии онҳо истифода намуда истодаанд. Мушкилоте имрўз пеши мо истодааст,ки боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, инчунин моро масъул месозад дуруст андеша намуда, роҳҳои халосӣ аз ин вартаи нокомӣ ва ҳаллу фасли онро ёбем.
Сокини н. Вахш Шоҳсанам Раҷабова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *