ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ

Панҷшанбе, 26/05/2022-13:53
ВОКУНИШ: «Чоҳкан зери чоҳ», зери ин гуфтаҳо бояд зикр намуд, ки ба сабаби дар дому фиребу найранги наҳзатиҳо афтодани Мамадбоқир Мамадбоқиров садҳо ҷавонони дигар гумроҳ гашта, падару модари худро дар ҳолати ногувор қарор доданд. Бояд зикр намуд, ки ин хиёнаткори Ватан М.Мамадбоқиров мехост, ки ҷавононро бар зидди якдир бархезонад ва дар байни онҳо шўре барпо намоянд, лек бо хости тақдир, аз дасти ҳамаслаконаш ба қатл расонида шуд, вале асолатбохтаҳо ва зархаридҳои наҳзатӣ аз кору фаъолияти террористии худ заррае шарму ҳаё накарда, боз дар рў ба рўи миллати тоҷик ин ҷиноятро «шаҳид» хонда истодаанд. Шаҳид касеро мехонанд, ки дар роҳи ҳақ ҷон бохтааст на дар роҳи зулму ситам.
Бояд ҷавони Бадахшони кӯҳӣ ба осони дарк намоянд, ки терроризм наметавонад ба ҳайси ҷангҳои озодихоҳона эътироф гардад, гарчанде ҷанг- низ ҳамчун маҳфуми зўроварӣ мақбули ҳамагон нест ва он ҳамчун кирдори манфур ва ғайри инсони ба ҳисоб меравад. Ин гурӯҳҳои нохалафи бешуур ҳар коре анҷом дода истодаанд ба ғайр аз нооромии Тоҷикистон ҳеҷ манфиати дигаре дода наметавонад!
Суоле ба миён меояд, ки агар онҳо даъвои роҳи ҳақ доранд пас чаро Бар зидди якдигар ҷангиданду ҳамдигарро ба қатл расонида истодаанд? Нигаред ҷавонони фиребхўрдаи Бадахшон ва касоне, ки ба суханони аблаҳонаи манфиатҷуён гуш меандозед онҳо натавонистанд муноқишаи байни худро ором созанд анҷоми корашонро бубинед, ки бо қатл хотима ёфт. Пас онҳо чӣ гуна метавонанд ба шумо роҳи ростро нишон диҳанд?
Хуласи калом, вақти он аст, ки мо ҷавонони бо нангу ори Тоҷикистон аз як гиребон сар бароварда давлату миллати хешро тинҷу ором нигоҳ дорем.
Сокини н.Вахш Сабоҳат Салимова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *