БИГЗОР ГАДО БОШАМ…

Чоршанбе, 25/05/2022-10:13
Мо тоҷикон ба сулҳу ваҳдати комил ноил гаштем ва ин комёбии беназири мо барои бисёр давлатҳои дунё намунаи ибрат ҳам шуд. Новобаста аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои азизамон нисбат ба наврасону ҷавонон ҳастанд, ки гирифтори фитнаю фиреби гурўҳҳои ифротӣ мегарданд, ки ин роҳи пешгирифтаи онҳо зидди ҳамагуна қонунҳои инсонӣ мебошад. Ҷавононро мебояд ҳушёру зирак бошанд ва фирефтаи даъвату ваъдаҳои бардурȳғи ягон гуруҳҳои ифротгаро нагашта, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза бурда тавонанд.
Ҷавонони азиз!
Худ қазоват кунед, ки терроризм бо расидан ба максадҳои худ ба кадом давлат миллат ё худ падару модари хеш манфиат ё хушбахтӣ овардааст. Яке аз сабабҳои ба гуруҳҳои ифротгаро шомил гаштан ё ба ваъдаҳои бардуруғи хоҷагони хориҷии ба ном «Ватандȳст», (албатта дар нохунак) бовар намудани бархе аз ҷавонон тарбияи номукаммал ва надоштани дониши сиёсӣ буда метавонад. Беҳтарин василае, ки инсонро ба дунёи маърифату фазилати рангини инсони ворид мегардонад, ин илму дониш мебошад. Ҳастанд чавононе, ки мактаби миёнаро ба пуррагӣ намехонанд аз хизмати Модар–Ватан даст мекашанд, пас аз куҷо «Ватандȳст» шуда метавонанд. Ин гуна ашхос осонакак ба доми фиреби ҳар гуна шахсони разилу нобакор гирифтор мегарданд. Дур намеравем, имрȳз доғи давлату миллати тоҷик ба амсоли кабириҳо, «Ватандор»-и беватан дур аз хешу ақрабо ва боиси нафрати ҳазорон модарон гаштаанд мебошанд. Илова бар ин ҷавононро, ки қадамҳои нахустини хешро ба зиндагии мустақилона мегузоранд, гумроҳ намуда ба қавле ғȳрамарг месозанд. Наход, ки боре ҳам ба худ андеша накунанд, ин амали хиёнаткоронаи онҳо ба кадом халқ ё миллат манфиат ё рȳзи нек меорад. Эй дур аз Ватан афтодаю ба Ватан санг мезанӣ, барои ободияш чи коре намудаӣ, ки барои сиёҳ намудани номи поки Ватан бо тамоми овоз ҷор мезанӣ. Агар дорои ҷаҳон бошӣ, (кафангадои карда гаштаӣ), ҳам вақте, ки дур аз ватани ту ҳеч ҳастӣ. Пас бо чӣ менозӣ, Бо хоҷагони хориҷиат? Инсони беватан ба мурдаи бегȳру кафан шабоҳат дорад, инро дониста мон!
Эй ҷоҳилони дур аз Ватан афтода!
Оё нони мулки бегона дар бадани шумо ош мегардад. Оё баъди он ки чандин ҷавонони содаро гумроҳ сохтед шабҳо осуда мехобед? Аз дуои модарон, аз оҳи сȳзони падарон, аз ашки талхи ятимон, ки падар гум кардаанд наметарсед? Асос аз ғазаби Худои бузург, ки ҳеҷ бандаашро намегузорад, ки аз номи дини поки ислом кору пайкори ноҷавонмардонаи худро амалӣ месозед?
Бигзор гадо бошам,
Дар хоки Ватан бошам.
Дар банди ҷафо бошам,
Дар хоки Ватан бошам .
Бо қомати хамхурда,
Борам натавон бурда,
Дар даст асо бошам,
Дар хоки Ватан бошам.
Ҳарчанд кашам хорӣ
Афтам ба раҳи зорӣ,
Розӣ зи худо бошам,
Дар хоки Ватан бошам.
Эй оне, ки дур аз Ватанию суйи он санги маломат меандозӣ аз ҳоли худ ҳаловат мебарӣ!
Аз даст пеши бар гирифтаю «лабай» гуфтан ба хоҷагони хориҷии худ худ хаста нашудаӣ? Оё нафас дар гулȳят танги намекунад? Як зумра ҷавонони содаро фиреб намудаю гумрох месозӣ? Агар ту аз ғаму азоби дигарон ғам надошта бошӣ ва нисбат ба мушкилоти дигарон бепарво бошӣ пас шоистаи номи инсонӣ нестӣ…
Ватанро дȳст доштан аз гȳшаи имон аст!
Пас имондории бо номи ин «Ватандȳстон!» куҷост???
Сироҷиддин Мирзоев,
директори МТМУ №39

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *