МУРОҶИАТНОМА

Чоршаебе, 25/05/2022-10:05
Модарони бузург!
Хоҳарони гиромиқадр!
Ҳамшираҳои азиз!
Олимону шоирон, ҳунармандону муҳандисон, омȳзгорону табибон парвардаи боғи модаронанд. Чаро имрȳзҳо баъзе модарону ҳохарон ва ҳамшираҳои бадахшонии мо амалҳои номатлуби фарзандони хеш нодида мегиранд? Аксари ҷавонони гумроҳи бадахшонӣ фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ гардида, даст ба ҳар гуна ҷиноятҳо мезананд. Кадом модар мехоҳанд, дар пойи фарзандаш хоре халад? Ба модарони бадахшонӣ муроҷиат карда мегȳям: Биёед, модарони бузург, хоҳарони гиромиқадр, ҳамшираҳои азиз! Фарзандонамонро дар рȳҳияи ватандȳстӣ, хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намуда, ворисони ояндаи миллату давлатро ба воя расонем. Мо метавонем, дар ҳамбастагӣ даст ба дасти ҳам диҳем, ватани аҷдодии хеш-Тоҷикистони азизро бо меҳнати аҳлона, садоқату матонати содиқона, адолати сулҳпарварона ба насли оянда ба мерос гузорем.
Фариштамоҳ Зохидзода,
раиси Ҷамоати шаҳраки «Вахш»-и ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *