ҶИНОЯТКОР Ё ИН, КИ ХИЁНАТКОР ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАДИ НОПОКИ ХУД НАМЕРАСАД

Душанбе, 23/05/2022-09:51
22 май хабари даргузашти саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич нашр шуд.
Бархе аз ҷонибдорону пайравони террористон даргузашти як террорист, ҷинояткор ва хиёнаткорро гӯё ба шаҳодат расидани ӯ унвон медиҳанд.
То ҷое медонам ба шаҳодат нафаре мерасад, ки марзу буми кишварашро аз душманону хиёнаткорон эмин нигоҳ медорад. Шабу рӯз баҳри сулҳу суботи Ватан заҳмату талош меварзад.
Аммо Мамадбоқир як ҷинояткор буд, ки ба гирдоби хиёнату ҷинояти хеш ҷавононро шомил намуда, сабабгори марги чандин нафар мардуми бегуноҳ ва бахусус ҷавонон гардида буд.
Ин бадхоҳ, ҷинояткор, террорист ва хиёнаткор ҳеҷ гоҳ ба шаҳодат намерасад. Чунки бо террористон ва хоинони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом ҳамкории зич дошта, танҳо ба нооромсозии авзои ҷомеа кӯшиш мекард.
Аз даргузашти як ҷинояткор, террорист ва хиёнаткор Ватан поку вазъ ором хоҳад шуд.
ШАРИФЗОДА СУНАТУЛЛО

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *