Душанбе, 23/05/2022-11:47
Тайи чанд рȳзи охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ як гурȳҳ ҷавонон ноогоҳи шаҳри Хоруғи вилояти мухтори куҳистон Бадахшон, бо нақшаи зархаридони хориҷӣ бахусус ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Мухиддин Кабирӣ, зердастонаш Муҳаммадиқболи Садриддин, Шавкати Муҳаммадӣ, Ҳусейн Ашуров ва Шарофиддин Гадоев даст ба ҳар гуна муноқишаву бетартибиҳо заданд.
Боиси зикр аст, ки ҷавонони ноогоҳ фирефтаи найрангу макри он нохалафон гашта, ба бетартибӣ роҳ медоданд. Дар натиҷаи ин муноқишаҳо яке аз лидерони Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров аз ҷониби ҳаммаслакону ҳамқадаҳонаш кушта шуд.
Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз зархаридони хориҷӣ буд ва аз бетаҷрибагии ҷавонони ноогоҳ истифода бурда, онҳоро ба ҳаргуна бетартибиҳо ҳамроҳ менамуд. Дар натиҷаи чунин амалҳои зишт чандин нафар ҷавонони бегуноҳро аз зиндагӣ марҳум мекарду хуни ноҳақ мерехт.
Амалҳои зишташ беподош намонда, хуни ноҳақи ҷавонони бегуноҳ, оҳи дили модарони фарзандгумкарда ȳро гирифт, Худованд ҷазояшро дод. Ба қавли Рȳдакӣ:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
***
Ангушт накун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас нукунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
Олими Рамазон, сокини ноҳияи Вахш