Душанбе, 23/05/2022-12:14
Дирӯз бо сабаби муноқишаҳои дохилии гурӯҳҳои муташаккил дар Хорӯғ яке саркардагони худхонда М.Мамадбоқир кушта шудааст. Яке аз нафарони тарафи муқобил, ки М.Мамадбоқировро куштанд, ба мо гуфт, ки “шефи мо бо М.Мамадбоқиров бо сабаби ноодилона тақсим кардани маблағҳои аз хориҷи кишвар барои бетартибиҳо дар Хорӯғ М.Кабирӣ ва А.Шерзамон фиристода буданд, аввал муноқишаи лафзӣ ва баъдан ба задухӯрд гузаштанд. Дар натиҷаи муноқиша ва тирпаронии дуҷониба мо М.Мамадбоқировро куштем”. Бояд хотиррасон кард, ки А.Шерзамонов ва М.Кабирӣ барои ташкилу роҳандозии бетартибиҳо дар Хорӯғ ва Рӯшон барои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии М.Мамадбоқиров маблағҳои зиёд равон карда буданд. То, ки М.Мамадбоқиров бо додани пул ба тазоҳуркунандагон онҳоро ҳавасманд кунад ва ҷавононро гумроҳ карда, зидди суботу оромии давлати худ баршӯронад.
Вале чӣ тавре, ки мебинем, мақсаду ҳадафҳои нопоки асолатбохтаҳо, мисли М.Кабирӣ, А.Шерзамон, Р.Ҷонӣ, А.Саркорова ва дигарон дар кишвари мо амалӣ нагардид. Нақшаи террористии таҳия кардаи ин зархаридҳо дар Хорӯғ татбиқ нагашт. М.Мамадбоқиров, ки худ аз аввал ҷинояткор ва наркобарони ин минтақа ҳисоб мешуд ва чандин маротиба аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Вале ҳаргоҳ, ки аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар ин ҷинояткорро барои дар назди қонун ҷавоб гуфтан даъват мекарданд, рад мекарду муборизаи шадид мебурд. Тайи чанд сол зидди меъёрҳои конститутсионӣ амал карда, як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнинро иҷро карда буд. Аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир оғоз карда, то ба фурӯши ғайрирасмии сангҳои қимматбаҳо машғул буд.
М.Мамадбоқиров бо таъкидҳои чандин маротибаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аҳамият надода, ҷиноятҳои худро идома медод. Дар охир бо ТЭТ ҲНИ ҳамкории тиҷоратии террористӣ карда, ба ивази миллионҳо доллар хост, ки дар минтақаи Бадахшон бетартибии куллиро ба вуҷуд оварад. М.Мамадбоқиров бо амалҳои ғайриқонунии худ, яъне аз латту куби корманди давлатӣ то ба татбиқи амалиётҳои террористии хориҷиҳо дар ин минтақа фаъолият кард. Аз ҳодисаҳои моҳҳои ноябри соли 2021 то ба ҳафтаҳои охири моҳи майи соли 2022 таҳти роҳбариву роҳнамоии М.Кабирӣ ва А.Шерзамонов фаъолият карда, дастуру супоришҳои онҳоро иҷро мекард. Дар охир наҳсатиҳо ин нафари гумроҳгаштаро истифода карда, бо дасти худи гурӯҳҳои ҷиноятии дигар, ки аз ҷониби онҳо идора карда мешавад, ба қатл расонданд.
Мавриди зикр аст, ки бо сабаби дар доми фиребу найранги наҳзатиҳо афтодани М.Мамадбоқиров садҳо ҷавонони дигар гумроҳ гашта, падару модари худро дар ҳолати ногувор қарор доданд. Имрӯз падару модари якқатор ҷавонони гумроҳшуда дар атрофи М.Мамадбоқиров азоби руҳиву виҷдони кашида, аз кору фаъолияти фарзандони худ шарм дошта истодаанд. Чун фарзандони онҳо зери ташвиқу тарғиби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ТЭТ ҲНИ қарор гирифта, дар ватани худ даст ба бетартибиҳо зада, ободиву оромии ҳамватанони худро зери хатар андохтанд.
Вале асолатбохтаҳо ва зархаридҳои наҳзатӣ аз кору фаъолияти террористии худ заррае шарму ҳаё накарда, боз дар рӯ ба рӯи миллати тоҷик ин ҷинояткорро “шаҳид” хонда истодаанд. Бовар кунед, барои аҳли наҳсат ҷони ягон ҷавонони бадахшӣ ва азобҳои падару модари онҳо муҳим набуд ва нест. Онҳо дар ҳама лаҳза фикру андешаашон барои дарёфти пулу моли зиёд аз хоҷагонашон банд буду ҳаст. Ин фурухташудаҳои хоин бо куштани М.Мамадбоқиров ором нагардида, бо туҳмату дурӯғҳои навбатии худ кӯшиш доранд, вазъияти минтақа ва кишварро боз ҳам ноором созанд. Чун нақшаи шуми онҳо дар Бадахшон амалӣ нагардид ва ин албатта, ба манбаи даромади пулии онҳо зарбаи сахт зад. Минбаъд хоҷагони онҳо ва тарроҳони ҷангу хунрези дар Тоҷикистон барои наҳзатиҳову бистучориҳо миллионҳо долларро намедиҳанд. Онҳо аз ин натиҷаи манфӣ дар Хорӯғ сахт пушаймон буда, аз кайфу сафо ва роҳатҳои минбаъдаи худ дар давлатҳои Аврупо нигарон ҳастанд.
Суҳроби Рустам, сиёсатшинос.