БАДХОХИ КАСОН ХЕЧ БА МАКСАД НАРАСАД

Душанбе, 23/05/2022-09:46
Аз баъзе расонахои интернети огохи пайдо намудем, ки нимаи бегохи рузи 22.05.2022, соати 17:30 дакика саркардаи гурухи муташаккили чиноятии махаллаи Бархоруг, Махмадбокир Махмадбокиров кушта шудааст.
Хамагон хуб огохи доранд, ки ин чинояткор дар хамкори бо собик аъзоёну пайравони хизби мамнуъгаштаи нахзати ислом барои ноором сохтани вазъи кишварамон накшахои нопок дошт, аммо хеч як бадхохи кас ба максад намерасад.
Кулли сокинони Бадахшони кухиро месазад, ки аз ин гуна чинояткоре, ки пайваста бо дасисаву найрангхои бофтаи худ ба тинчию оромии сарзаминамон иснод меоранд пуштибони нанамоянд. Аз ин гуна шахсиятхое, ки бар зарари давлату миллат хастанд ва насли ояндасози миллатро ба гумрохи мебаранд кахрамон насозанд!. Чунин афроде, ки дар доираи конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон рафтор намекунанд, сбар хилофи конунхо амал менамоянд окибат бо марг дастбагиребон мешаванд.
Аз тамоми мардуми сулхпарвару шарафманди ВМКБ даъват ба амал меорем, ки ба финтаву дуругхои чунин шахсиятхо дода нашаванду зимоми вахдату якдилиро бар душ гирифта кишварамонро ободу зебо гардонанд.
Сабохат Салимова- сокини н.Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *