БАДАХШОН ПОРАИ ТАНИ ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ!

Ҷумъа, 20/05/2022-13:28

Ифротгароӣ хатарест, ки амнияти давлату миллатро халалдор месозад. Барои ба ин хатар дучор нагардидан ҳамаи моро зарур аст, ки нисбати давлату миллат ва арзишҳои олии он бетараф набошем, чунки бетарафи ин худ хиёнат ба ватан маҳсуб меёбад.

Ба ҳамаи мову Шумо хуб маълум аст, ки рӯзҳои охир дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ сару садоҳои зиёде барпо шуда истодааст, ки тамоми аҳли ҷомеаи кишварро ба ташвиш гузоштааст. Бадахшон боми ҷаҳон, пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ҳар як сокини кишвар ба хуби дарк менамояд, ки манфиатҳои миллӣ, ифодагари марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумуи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешаванд. Дар ин радиф ҳамаи моро зарур аст, ки қалбҳоямонро пок аз кинаҳо карда, ин марзу буми аҷдодиамонро ҳимоя намоем, зеро вазъи имрȳзаи олам ноором буда, муноқишаҳои мазҳабиву миллӣ рӯ ба афзоиш аст.

Аз тамоми мардуми шарафманду сарбаланди Бадахшон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба найрангу дасисаҳои навбатии душманони миллат дода нашаванд, тинҷию ободии сарзаминаронро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намоянду дар атрофи сиёсатҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат гирд омада, обрӯю эътибори Бадахшонро дар арсаи байналмиллалӣ аз ин ҳам баланд бардоранд.

Сокини ноҳияи Вахш-С. Салимова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *