БАДАХШОНИ АҶДОДИРО ПОС БОЯД ДОШТ

Ҷумъа, 20/05/2022-13:26

Мо-ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш, аз ҷавонон ва мардуми шарафманди Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ба суханони иғвоангезонаи бархе аз шахсиятҳои бешууру нохалаф гȳш надиҳанд. Дар кишвари азизи мо, ки бо ташабусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ба даст омад ва мардуми азияткашидаи тоҷик соҳиби давлати мустақил гардид, ҳамаи моро месазад, ки барои аз даст надодани ин муқаддасоти арзишманд камари ҳиммат баста, барои мустаҳкам нигоҳ доштани ин муқаддастон тамоми қувваи худро равона намоем.

То ҳол ҳастанд нафароне, ки бо ниятҳои муғризонаи худ дар миёни мардуми осоиштаи мо иғво барпо намуда, сокинони ин мулки таърихиро ба ташвиш оварда истодаанд. Тамоми сокинони сайёра Тоҷикистонро бо мулки Бадахшону Суғду Хатлон мешиносанду эътироф менамоянд, чунки халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанг ва шахсиятҳои бузурге мебошад, ки ҷаҳон ҳамто надоранд. Дар яке аз баромадҳои худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: “Халқу миллате, ки ба гузаштаи таърихи худ, ба сарватҳои маънавию ирфонӣ, аънанаву суннатҳои аҷдодӣ ва дигар муқаддасоти хеш арҷ намегузоранд ба ояндаи нек умед баста наметавонанд”.

Бешак чунин ҳам бояд бошад! Зеро Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аммо маслаки асоси ин аст, ки чанде аз ҷавонони гумроҳ ва сокинони марзи муқаддаси Бадахшон даст ба тазоҳурот зада истодаанд, ки ин худ ифротгароӣ ва хиёнат ба номи гузаштагони ин сарзамин, таърихи халқи тоҷик ва дастоварҳои замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Ҳалимаи ҚОБИЛ- сокини ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *