БАДАХШОН ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷумъа, 20/05/2022-13:22

Тайи якчанд рӯзи охир ҳамагон огоҳ ҳастем, ки дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ, сару садоҳои зиёде барпо шуда истодааст, ки тамоми сокинони бо ору номуси кишварро бетараф намегузорад. Ин вазъияти баамаломада дар Бадахшони аҷдодиамон мардуми сарбаланди тоҷикро бахусус ҷавононро ба ташвиш овардааст.

Зиндагии инсоният ин худ таърих аст. Агар имрӯзҳо саҳифаи таърихро варақ гардонем, пур аз ҳоводиси рангорангу ҷаззоб мебошад. Таърихи халқи пурифтихори тоҷик низ ҷаззобиятҳои худро доро мебошад. Бадахшон мулки таърихи ва аҷдодии миллати тамаддунофари тоҷик аст ва ин мулки зебоманзар бо куллаҳои сарбафалаккашидаи худ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  “Дарвозаи тиллоӣ”-и Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.

Сарвари давлатамон барои муттаҳид сохтани халқи парешонгаштаи тоҷик заҳматҳои шабонарӯзӣ кашида, Тоҷикистонро ба гулистони орзуҳои мардуми азияткашидааш табдил додааст. Ҳамагонро месазад, ки барои аз даст нарафтани тинҷию оромӣ, ваҳдату якпорчагии диёр ва аз ин ҳам ба гулистони орзуҳо мубаддал гардонидани ин сарзамини биҳиштосо дар атрофи Пешвои муаззами миллатамон гирд омада, ба дурӯғу дасисаҳои фитнаҷӯёнаи хоинони ватан дода нашавем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат аз фурсат истифода намуда, дар ҳаққи ин ватан ва роҳбарияти Олии он туҳмату буҳтонҳо гӯянд.

Дар баробари ин аз мардуми шарафманду сарбаланди Бадахшон даъват ба амал меорем, ки бо ору номуси тоҷикона дар зери сиёсатҳои ватандӯстонаву дурбинонаи Сарвари давлат муттаҳид гашта, ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва осоиштагии мардум аз сидқи дил мубориза бурда, баҳри шукуфоӣ, пешрафт, тараққиёт ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми боризи худро гузоранд. Ҳеҷ гоҳ фирефтаи найрангҳои ифротиён нагарданду худро бозичаи дасти он нохалафон қарор надиҳанд.

САБОҲАТ Салимова-сокини ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *