Панҷшанбе, 19/05/2021-13:58
Мо тоҷикон даст ба дасти ҳам дода, Ватани хеш обод кардем. Порае аз Бадахшону қатрае аз рȳди Зарафшон, муште аз хоки поки Хатлон ва зодаи Тоҷикистонем. Мо метавонем, дар ҳамбастагӣ ватани аҷдодии хешро ободу зебо гардонида, ба насли ояндаамон ба мерос гузорем. Ҳар як хас хору Ватани биҳиштосо, Тоҷикистони азиз бароям осон азиз аст, ки ба ҳеҷ дуру гуҳари дунё иваз нахоҳем кард.
Имрȳзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе нотавонбиноне ҳастанд, ки пешрафту шукуфои Тоҷикистонро намехоҳанд, аз дур истода санг мезананд, магар заррае дар хуни онҳо хуни инсонгарӣ бошад? Оё боре андеша намесозанд, ки бо дасисаву суханбозиҳои он хоинон ба сари ҷавонони тоҷик чи рȳзҳои сахтеро меоранд? Агар мардӣ, мардона биё, Иқболбӣ ва домулло Муҳиддин, боз як Кафангадои дигаре пайдо шудааст, ки ҳангомасозӣ карда, аҳолии осоиштаи Тоҷикистонро ба шȳру валвала даъват мекунед. Баъзеатон ба ном мардед, хоҷагони хориҷиатон чунон фирефтаи пулу молу ҳаром гардонидааст, ки ҳатто мард ё зан буданро фаромȳш кардаед. Хоинони мазҳабфурȳш! Мақсади нопоки шумо якест, ки сари ҷавонони тоҷикро бо ваъдаҳоро бардурȳғ гаранг карда, ба сафи худатон шомил созед. Муред, аз талбандагиву гадоӣ сер нашудед, боз мехоҳед, бо исёну шȳр мардуми сарбаланди Бадахшонро ба низоъ бархезонед. Бас аст, ки сафсатаву дурȳягӣ, эй хоинон, бас!
Дар назди интернет нишаста, чор сухан аз охират мегȳӣ, магар ҳамин мусулмонии ту, Иқболбӣ! Дар ҳар суханат мардумро ба низову хархаша даъват месозӣ, магар ин инсонгарии ту, Иқболи Беиқбол!
Аз ҳадису сунату Қурон мегуфтӣ сухан,
Баъд: Фаҳмидам, ки иблис аз ту дарс омȳхтаст.
Бо амри маъруфат ҳеҷ гоҳ моро фирефтаи хеш гардонида наметавонӣ, инро фаромȳш накун, зеро миллати созандаем.
Орифи Қурбоналӣ, сокини ноҳияи Вахш