Сешанбе, 17/05/2022-09:27
Чанде қабл тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоеро дидем, ки як гурӯҳи ҷавонони ноогоҳ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ даст ба тазоҳурот заданд.
Шояд ҳоло аз ин ҳолати кор душманону бадхоҳони миллат лаззат бурда истодаанд. Аз ин рӯ, аз тамоми бародарони бадахшонӣ хоҳиш менамоям, ки аз ин кор даст кашанд. Давлат аст, қонун аст, тартибот аст. Биёед, давлати худро ноором насозем. Вазъи имрӯзаи давлатҳои ҳамсоя ва минтақа бояд барои мо дарси ибрат бошад. Ин кор на ба манфиати шумо ҳасту на ба манфиати давлат.
Мардуми сарбаланди Бадахшон, мардуми ватандӯсту меҳнатдӯст ҳастанд. Саҳми сокинони ин вилоят дар ба даст овардани сулҳу суботи сиёсӣ назаррас аст. Пас барои пойдор мондани сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ биёед сарҷамъ бошем.
Ба қадри ин неъмат бирасем. Мо нав 30 сола шудем. Ҳамон дасисабозиҳои солҳои 90- ум бас аст. Ба ваъдаву суханони пучу бемании ҳар як нохалаф дода нашавед.
ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
СОКИНОНИ САРБАЛАНДИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН!
Набояд дар симои ҷинояткор чеҳрасозӣ карду дар партави фитнаю ғаразҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию беруна сарзамини орому осоиштаро боз ба майдони ихтилофҳо кашид.
Хуб мебуд, бо арҷгузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат аз пайи тарбияи неки фарзандон машғул шуда, то ин, ки фарзандон хуб тарбия ёфта, ба ҷинояту ҷинояткорӣ даст назананд, ватандусту созанда ба воя расанд ва барои ояндаи ободонии Ватани хеш, аз ҷумла Бадахшон хизмат кунанд.
Мо ба ақли солим, илму дониш ва иродаи мардуми Бадахшон бовариву эътимоди калон дорем ва хоҳони сарҷамъии кулли ҳамдиёрон ҳастем.
СУНАТУЛЛО ШАРИФЗОДА – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Вахш