МО ДИГАР ХАЛҚИ ПАРЕШОН НЕСТЕМ…

Сешанбе, 17/05/2022-09:44

Раванди расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон рӯйдоди душвор, вале муҳиму тақдирсозе буд, ки барои муттаҳид сохтани миллати тоҷик ва аз нобудшавӣ раҳо бахшидани давлату давлатдории он нақши бузурге бозид. Аз апрели соли 1994 то июни соли 1997 нӯҳ музокироти расмӣ ва 18 вохӯриҳои тарафҳо баргузор гаштаанд. 27-уми июни соли 1997 дар Москва дар вазъияти тантанавӣ ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Ниҳоят Ваҳдати миллӣ, ки роҳнамои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар ҷисми беҳоли Ватан руҳу равони тоза бахшид. Давлату миллати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ раҳо намуд.

Имрӯз халқиятҳое чун ӯйғурҳо, курдҳо, тибетҳо, баскҳо шумораи зиёди аҳолӣ доранд, аммо соҳибдавлат нестанд. Ваҳдати миллӣ рукни муҳими ҳифзи истиқлолу соҳибдавлатии миллист. Танҳо давлати миллӣ метавонад ҳамчун қудрати миллат шинохта шавад ва бар зидди ҳама зуҳуроти тафриқаандоз мубориза барад. Ваҳдати миллӣ асоси рушди устувори ҷомеа, таҳкими унсурҳои давлатдории миллат, зиндагии шоистаи мардуми сарзамини ганҷхезу гуҳаррез, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибфарҳанг шинохта шудан аст. Ваҳдати миллӣ пойдевори рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мардум бо истифода аз Ваҳдати миллӣ ободкориҳоро хеле вусъат бахшиданд. Имрӯз аҳолӣ медонад, ки хонаи обод, фазои орому осудаи Ватани азиз аз файзу баракати Ваҳдат аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барпокунандаи бедории миллӣ ва тақвият бахшандаи он кишварро азми устувор рӯ ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ниҳод. Сохтани нақбҳои Анзоб, Шаҳристон, Шаршар, Чормағзак, шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб на танҳо пайвандгари маҳалҳо, балки васлгари дилҳо, таъминкунандаи ваҳдати сартосарии ҷумҳурӣ мебошад.

Ба ҳамаи ин пешрафти давлати хуқуқбунёди демократиамон нигоҳ накарда боз ҳастанд нотавонбиноне, ки тинҷию осоиштагии халқи тоҷикро намехоҳам. Онҳо бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба кӯйи гумроҳӣ мебаранд. Аз соддалавҳагии онҳо истифода бурда, ба корҳои ношоиста даст зада, ба гурӯҳҳои тундгаро шомил месозанд. Бадхоҳони миллат ҳечгоҳ ба мақсадҳои нопоки хеш нахоҳанд расид. Зеро, ҷавонони мо, ҷавонони солҳои навадуми қарни гузашта нестанд. Ин ваҳдати ягонагӣ ба осонӣ ба даст наовардаанд. Ҷавонони тоҷик бо ғурур ва ифтихори миллӣ меҳани худро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф гардид, ин ташкилот аз соли 1973 таъсис ёфта, зери шиори «Марг волотарин орзуи мост» амал намуда, бо фатвоҳои гумроҳкунанда пасипардагии ғайриислом даст ба амалҳои зишт мезананд. Бо андешаҳои тундгароии хеш ихтилофу фитнаро дар байни мардум эчод намуда, амну суботи ҷомеаро аз байн мебаранд, ки боиси парокандагии давлат ва парешонии халқиятҳо оварда мерасонанд.

«Ислом бо идеологияи сулҳпарвару сулҳхоҳии худ танҳо барои паҳн намудани раҳмату амну суббот омадааст». Ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ аз ваҳдат бармеояд. Гузаронидани чорабиниҳои бузурги таърихӣ дар тағйир додани мафкураву ақидаҳои ҷавонон бузург аст.

Агар ҳар кадоми мо чун риштае ба бо ҳам пайваста, тоб хӯрем, ресмони давлатдорӣ ҳамон қадар мустаҳкаму ногусастанӣ мегардад, он гоҳ кор натиҷа медиҳад.

Шаҳру деҳ обод аз адл асту бас,

Табъи ҷаҳон шод ба адл асту бас.

Ин суханони шоири ширинкаломи тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Бо ҳамин маънӣ ҳикояи дигареро ба ёд меоварем: Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд: Кадом биност, ки ҳаргиз хароб намешавад? Ҷавоб дод: «Адл».

Гуфтан ба маврид аст, ки агар адлу одилӣ бошад, дар мамлакат одамон ба ҳам муттаҳид мешаванд, дар атрофии Ҳукумати мамлакат. Аз халқ ба халқ ҳамроҳ шудан, сарвату давлат, қудрату савлат пайдо мешавад. Дар ин бора Мавлонои бузургвор гуфтаанд:

Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,

Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.

Оре, агар мо бо ҳам носоз шавем, якдигарро ранҷонем, кору амал халал меёбад ва боиси бедавлатӣ мегардад. Ба қавли шоири оташинсухан Абдуқодири Бедил:

Васли инсон гули муроди ҳама,

Боиси фахру иттиҳоди ҳама.

Яъне, чун инсон ҳастӣ, бояд ба инсон дар васл бошӣ, муҳаббат бархезад, дӯстию муҳаббат кафшест, ки одамони гуногунро ба ҳам мепайвандад. Ҳар инсон бояд дили дигар инсонро ба даст орад.

Ноҳияи мо аз солҳои сиюми асри гузашта гуногунқавму гуногунмиллат аст. Дар он тоҷику узбек, русу тотор ва дигар халқиятҳо, ҳатто қазоқу осетину гурҷӣ низ буданд. Онҳо якҷоя кору зиндагӣ карда, ноҳияро обод гардониданд. Ҳама бо ҳам дӯст, иттифоқ буданд. Ҳамон анъана ҳоло ҳам давом дорад. Бо ҳамем, чунки аз дари қасри Ваҳдат даромадем. Чаро, ки ваҳдати мо осуда зиндагӣ карданро, осуда ободкориро пеш меоварад, боиси некуаҳволии мо мегардад.

Ваҳдати мо оварад осудагӣ,

Гул кунад з-осудагиҳо зиндагӣ.

Ин ҳама пешрафту шукуфоӣ самараи ваҳдати миллӣ аст. Пас мебояд, ки мо ин ваҳдатро чун гавҳари чашми худ ҳифз намоем, даст ба дасти ҳам диҳем, Зарафшону Бадахшон, Хатлону Ҳисор, диёри куҳанбунёди хешро обод созем, то дастовардҳои аз ин ҳам баландро сазовор бошем.

А. Раҷабов, ноҳияи Вахш

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *