ҶАМОАТИ АНСОРУЛЛОҲ ДАР ХИЗМАТИ ТЭТ ҲНИТ

Душанбе, 16/05/2022-08:30
Чӣ тавре, ки огоҳед дар натиҷаи муноқишаҳои ҳарбии гурӯҳи Толибон бо ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар наздикии марзҳои кишвари мо, мушакҳои ҷангӣ ба ҷониби ҳудудҳои марзии мо партоб шудааст. Моҳҳои охир ҷангҳои ду гурӯҳи террористӣ Толибон ва “Давлати исломӣ” дар ҳудудҳои шимолии Афғонистон ҷараён доранд. Ба назари коршиносон ҷангу муборизаҳои ин ду ташкилоти террористӣ баҳри қудрат ва зери назорати худ гирифтани ҳудудҳои Афғонистон мебошад.
Бояд гуфт, ки дар баробари ҷангҳои Толибон бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Афғонистон, инчунин якчанд гурӯҳу ташкилотҳои экстремистиву террористие низ байни худ муборизаҳои шадид бурда истодаанд. Ҳамаи ин воқеаҳо нишонаи он аст, ки гурӯҳи Толибон пас аз оне, ки Афғонистонро забт карданд, аз идораи комили ин кишвар набаромаданд. Дар натиҷа ташкилоту созмонҳои террористие, ки дар ин ҳудудҳо тайи чандин сол паноҳ бурда буданд, фаъол гардида, таҳдиду хатарҳои ҷиддиро зидии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба вуҷуд оварда истодаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” яке аз созмонҳои террористие мебошад, ки аксарияти ҷангҷӯёни онро тоҷикони наҳзатӣ ташкил медиҳанд. Роҳбарону аъзоёни ин ташкилоти террористӣ ҷанговарони ТЭТ ҲНИТ мебошанд. Имрӯз низ ин созмони террористӣ аз ҷониби саркардагону пайравони ҳизби наҳзат, хусусан М.Кабирӣ, ки айни замон дар давлатҳои Аврупо қарор дорад, пуштибониву идора карда мешавад.
Мувофиқи маълумоти манбаҳои дақиқ дар Афғонистон “Ҷамоати Ансоруллоҳ” чаҳор мушаки худсохти “БМ-1”-ро аз ҳудудҳои Афғонистон ба ҷониби марзҳои мо партов кардаанд. Ҳамчунин, имрӯзҳо ингуна хабару маълумотҳо дар Афғонистон низ паҳн шудаанд, ки созмони террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки аъзоёнаш пайравони ҳизби наҳзат мебошанд, ба тарафи ҳамватанони худ чаҳор мушак партоб кардаанд. Аз ин рӯ, ин нишонаи он аст, ки саркардагони ҳизби наҳзат дар Аврупо истода, ба ин созмони террористӣ супоришу дастур додаанд, ки ҷониби Тоҷикистон мушак партоянд. Ин ҳодиса бори дигар ҳамкориҳои наздик доштани ТЭТ ҲНИТ бо созмони террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро тасдиқ мекунад. М.Кабирӣ ва пайравону муридонаш дар симои М.Садриддин ва дигарон душманони ашаддии давлату миллати мо буданду ҳастанд ва мемонанд.
ТЭТ ҲНИТ таҳти роҳбарии М.Кабирӣ бо созмони террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳамкориҳои бисёр наздик дошта, ин созмонро бо яроқу аслиҳа ва пулу мол тайи чандин сол аст, ки таъмин менамояд. Созмони террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” зидди давлатдории миллии мо тоҷикон мебошад. Аъзоёни он чандин сол аст, ки таҳти роҳбариву ҳидоятҳои ТЭТ ҲНИТ кӯшиш доранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиётҳои террористӣ анҷом диҳанду “хилофати исломӣ” ташкил кунанд. Ин орзуи ҳар як наҳзатӣ аст, чун бо ин ҳадаф ҷанги шаҳрвандиро дар солҳои 90 дар Тоҷикистон ташкил карда буданд. Дар асоси маълумоту манбаҳои аниқ, “Чамоати Ансоруллоҳ”-ро дар ин фаъолияту амалиётҳои террористии тайи солҳои охир бар зидди Тоҷикистон, пайравони ҳизби наҳзат мусоидат карда, баҳри амалишавии онҳо саҳми бениҳоят бузург доштаанд.
ТЭТ ҲНИТ зидди давлатдории миллии мо тоҷикон буда, бо ҳар роҳу восита мехоҳад, ин давлати озоду ободро ба нестӣ барад. Ҳизби наҳзат паймони зиддимиллӣ ва дигар ташкилотҳоро баҳри аз байни бурдани давлати Тоҷикистон, ҳамчун ҷумҳурии демокративу ҳуқуқбунёд таъсис додааст. Ин тӯдаи зархаридон ва асолатбохтаҳо дар ҳама ҳолат зидди оромиву осудагии мардуми тоҷик ва амнияту суботи давлати мо мебошанд.
Суҳроби Рустам, сиёсатшинос.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *