ГУНАҲГОР БОЯД ҶАЗО ГИРАД

Ҷумъа, 04/02/2022-16:50

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони Бадахшон, имрȳз тариқи радиои «Озодӣ» хабаре бардурȳғе паҳн кардааст, ки гȳё дар яке аз дидбонгоҳҳои ВМКБ, яъне дар шаҳри Хорȳғ ба ҷонаш сȳйи қасд ташкил карда шудааст.

Ин хабар бардурȳғ буда, ҳақиқати воқеӣ надорад. Агар чунин бошад, чаро ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин воқеа дарак надорад. Чаро дар ҳолати захми шуданаш ба ягон беморхона муроҷиат накард.

Тавре Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахашон, мегӯяд, аз ҳодиса хабар надоранд. Ба мо дар ин бора ягон муроҷиат нашудааст,” – афзуд ӯ.

Ин боз яке аз буҳтонҳои навбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров мебошад. Ҷинояткор аст, намедонам бо кадом роҳ, ҳилаву найранг худро сафед кунад. Ҷинояткор ҷинояткор аст, бо рȳбоҳиву ҳилагари магар гунаҳ аз бори дȳш сабук мешавад, ҳаргиз на… Худро мусичаи бегунаҳ пиндошта, намедонад бо кадом восита аз ин ботлоқе, ки дар гунаҳи хеш ғȳтавар гардидааст, барояд.

Амалҳои номатлуби Мамадбоқир Мамадбоқировро маҳкум намуда, боварӣ дорем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт чораҳои зарури андешида, гунаҳкор бояд дар назди қонун мардонавор ҷавоб гȳяд.

Олими Рамазон, сокини ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *