САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БА НОҲИЯИ ВАХШ

Ҷумъа, 18/02/2022-17:25

18 феврали соли ҷорӣ Зимни сафари кории хеш Сарварзири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Вахш сараввал аз сехи карбосбофии дар назди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ситора” дидан намуд. Зикр бояд намуд, ки корхонаи мазкур дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ҷойгир буда, дар як сол бо иқтидори 432 ҳазор метр карбос истеҳсол менамояд. Карбоси истеҳсолнамуда, аслан барои печонидани тойҳои пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ «Ситора» ва дигар корхонаҳои ноҳия истифода мегардад. Аз ҳисоби ин корхонаи истеҳсолӣ шаш нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ёдрас бояд гардид, ки корхонаи хурди истеҳсоли карбосбарорӣ на танҳо корхонаҳои коркарди пахтаи ҳудуди ноҳияро бо маҳсулот таъмин карда метавонад, балки имкон дорад, ки дигар корхонаҳоро низ бо маҳсулоти зарурӣ таъмин намоянд. Таҷҳизотҳои корхона ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, маҳсулоти истеҳсолкардаи он ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *