БУНЁДИ КОРХОНАИ НАССОҶӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Ҷумъа, 18/02/2022-17:32

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси влояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Вахш аз рафти сохтмони корхонаи насоҷӣ дидан намуд. Қайд намудан ба мавридаст, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бароталӣ Юсупов дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш Корхонаи насоҷӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли ҷуроб бо арзиши умумии зиёда аз 100 миллион сомонӣ бунёд гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин корхона пурра ба анҷом расонида шудааст.

Мақсади асосӣ аз бунёди корхона ин пеш аз ҳама истеҳсол намудани маҳсулоти насоҷии ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини маоши хуб ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Комплекси мазкур аз 0,58 гектар замин иборат буда, замини зери сохтмон 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ, рангуборнамоии корхона пурра ба анҷом расонида шуда, воридоти таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳо бояд аз хориҷи кишвар давлатҳои Итолия ва Туркия ворид карда шаванд.

Тибқи нақшаи тиҷоратӣ дар сурати ба пуррагӣ фаъол гардинидани ин корхона 400 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои таъиноташон гуногун, ки дар боло зикр намудем ба масъулини ноҳия дастур доданд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия аз ҳама шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, рафти корҳои сохтмониро дар муҳлатҳои муайянгардида, бо сифати баланд ва ба тарзи муосир сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Дар сурати амалӣ гардидани корҳои сохтмонии ин иншоот аҳолии ноҳия ба ҷойи кории доимӣ таъмин гардида, на танҳо самти иҷтимоию иқтисодии ноҳия баланд мегардад, балки сатҳу сифати зиндагии мардум низ беҳтару хубтар хоҳад гардид.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *