Ҷумъа, 18/02/2022-17:35
Мувофиқи «Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон», дар асоси созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федоролии Олмон оиди ҳамкориҳои молиявӣ ва маблағгузории бонки Олмонии рушд ва барқарорсозӣ амалӣ шуда истодааст. Аз 21 июли соли 2020 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш аз тарафи ҶДММ «Манорасохтмон» таъмири асосӣ ва азнавсозии таваллудхона, сохторҳои ёрирасон, барқароркунии коммуникатсияҳои муҳандисии берунаи беморхона идома дорад.
Маблағи умумии сохтмони лоиҳа 3 миллиону 167 ҳазору 118 евро буда, ба ҳолати имрӯза 1 миллиону 900 ҳазор евро аз худ карда шудааст. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои таҷдиду азнавбарқарорсозии беморхонаи марказии ноҳия Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба масъулини рафти корҳои сохтмонии беморхона дастур доданд, ки корҳои сохтмониро мувофиқи лоиҳаи пешбинишуда амалӣ намуда, дар муҳлати муайяншуда онро мавриди истифода қарор диҳанд.