АЗ МАҶЛИСИ НАЗОРАТИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

Ҷумъа, 15/02/2022-09:58

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия бар­гузор гардид, ки дар он фаъолия­ти тамоми сохторҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов аз масъалаи муқовимат бо коррупсия дар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва дигар идораву ташкилотҳо ҳангоми иҷрои вазифавӣ мавриди гуфтугȳ қарор дод. Раиси ноҳия зимни сухан­ронии хеш аз ин зуҳуроти номатлуб сухан карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар раванди корҳои ҳамарȳза бар зидди ин зуҳурот муборизаи ҷиддӣ бурдан лозим. Зеро муносибати но­хуб дар ин ё он самт метавонад бои­си сар задании нохȳшиҳо дар ба амал омадани кирдорҳои коррупсионӣ мегардад. Муқовимат бо коррупсия ин вазифаи на фақат Агентии назо­рати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомотҳои қудратӣ аст, балки ҳар як шаҳрванд ва тамоми ҷомеа мебошад, бояд бар зидди ин зуҳуроти номатлубу бегона ба ҷамъияти мо муқовимат нишон диҳад.

Таъмини иҷроиши қисми да­ромади буҷети ноҳия, кишти кар­тошка, пардохти сари вақтии музди меҳнат, нафақа яке аз масъалаҳои муҳими кори ҳамарȳзаи ҳар як роҳбари ташкилоту идора ва ҷамоату дигар кормандони соҳа буда, барои ҳалли онҳо тадбирҳои муҳим анде­шидан лозим меояд,-иброз дошт ра­иси ноҳия Қ. Юсупов.

Ба низом даровардани кори соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, махсу­сан дарёфти кадрҳои соҳибтахассус ва ҷорӣ намудани кори бонизо­ми клубу китобхонаҳо, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷалби бе­штари хонандагон ба китобхонӣ, дȳст доштани ватани хеш, ободони­ву сарсабзии ин диёри маҳбубамон мебошад.

Кор бо оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии со­диршавии ҷиноятҳо байни ҷавонону наврасон низ яке аз масъалаҳои рȳзмаррае буданд, ки раиси ноҳия ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъ­улин дастур ва супориш доданд, ки дар ин масъала тадбирҳои судманд андешанд.

Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулия­ти падару модар дар таълиму тарби­яи фарзанд» гузаронидани суҳбату вохȳриҳо бо падару модарон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну ма­росим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ҳам дар байни аҳолӣ ва ҳам дар байни чорво, назоратӣ ба фурȳш набаровардани маҳсулотҳои пастси­фат, аз ҳоли тандурустии мардум тез- тез хабар гирифтани духтурони тибби оилавӣ аз он масъалаҳое буданд, ки раиси ноҳия дар маҷлиси назоратӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Бо об таъмин намудани баъзе қисмати деҳаҳои Ҷамоати шаҳраки Киров раиси ноҳия таваҷҷуҳ наму­да, дастур доданд, ки дар раванди иҷрои ин норасогиҳо чораҳои ло­зима андешида, дар маъракаи обо­донию хуррамгардони маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вусъат дода, шинонидани гулу

 гулбутаҳоро тезонанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *