ХАБАРИ ФАВРӢ

Панчшанбе, 13/05/2021-13:35
Дар асари боришоти 11 майи соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти «Машъал»-и ноҳияи Вахш 10 хонаи истиқоматӣ, 4 пул, як пойгоҳи обкашӣ ва зиёда аз 500 гектар заминҳои кишоварзӣ пурра хароб шуда, новобаста аз ин чорвои аҳолӣ низ талафот ёфт.
Ҳамчунин аз Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият 50 хонаи истиқоматӣ пурра 30 хонаи зери об монда, талафоти чорвои аҳолӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Аз Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» 30 хонаи истиқомотӣ чандин хонаҳои дигар зери об мондаанд. 6 пȳл дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, зиёда аз 700 гектар заминҳои кишоварзӣ пурра хароб шуданд.
Дар ноҳияи Вахш ситоди фаврӣ таъсис дода шуда, ба зарардидагон кумакҳои фаврӣ расонида шуд. Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов бо аҳолии зарардидаи ҷамоатҳои мазкур вохȳрӣ намуда, изҳор доштанд: -Дар ин рȳзҳои сахте, ки бар асари боришоти 11 май соли 2021 ба вуқуъ пайваст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш чораҳои зарурӣ андешида, ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба аҳолии зарардидаи ҷамоатҳои болозикр маводҳои аввалиндараҷаи ғизоӣ аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакар ва хȳроки гарм таъмин намуданд.
Боиси зикр аст, ки харобшавии хонаҳои дар Ҷамоатҳои «Машъал», «Ваҳдат» ва «20 солагии Истиқлолият» харобшавии хонаҳои идома дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *