Ҷумъа, 30/04/2021 – 07:01
Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ рухдода, таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба ҷойҳои истиқомати доимӣ баргардонида шуда, барои роҳ надодан ба ташаннӯҷ чора андешида шуда, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.
Аз ҷониби ҳайати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ятимов С.С.
Аз ҷониби ҳайати
Ҷумҳурии Қирғизистон
Суваналиев О.И.