АЗ МАРЗИ ИҒВО ТО МАРЗИ НОМУС

Душанбе, 05/04/2021-15:50
Ё худ ҳимояи як қаллоб муҳимтар аз ҳимояи Ватан аст?!
Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду мавзӯъи баҳсӣ ду гурӯҳро атрофи худ саргарм кардаанд: яке қазияи Ворух ва дигаре қазияи Иззат Амон.
Дар масъалаи якум тамоми шахсони ватандӯсте, ки барояшон ҳар як ваҷаб хоки Ватан азиз аст, сару садо баланд намуданд ва аз тасмими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сафари қарибулвуқуашон ба Ворух истиқболу ситоиш намуданд. Дар ҳақиқат иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат ҷиҳати сафари корӣ ба Ворух тамоми сокинони кишварро рӯҳбаланд намуда, ҷасорату ғурури миллиро дар вуҷуди ҳар як шаҳрванд даҳчанд афзуд. Садои миллати тоҷик боз ҳам баландтар гардид ва садои чанд нафари иғвоангез аз Қирғизистон пасттар.
Вобаста ба мавзӯи дуюм, яъне Иззат Амон бошад, дар куҷое як хоину дузду қаллобе буд, бо “ҳампеша”-и худ “ғамшарик” шуд. Махсусан, як зумра боқимондаҳои узви ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, ки дар мушхонаҳои Аврупо панаҳ бурда, он ҷо танҳо ба хотири хиёнат ба Ватан паноҳандагӣ ёфтаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазосозӣ машғул гаштанд. Он ҳам чи фазосозие, бо сенарияҳои якрангу дилгиркунанда ва суханони обшустаи Кабириву Муҳаммадиқболу, ба қавли Ҳофиз, “ду-се расвои дигар”.
Сенария, тавре гуфтем, ҳамон як шакли қолабие, ки шарм надошта ҳазорон бор истифода мебаранд. Яъне кӯшиши аз ҷинояткорон қаҳрамон сохтан ва гунаҳкор кардани Ҳукумат, ки чаро ин ҷинояткоронро боздошт ва ҳабс мекунад. Аҷаб мантиқе! Аммо касе агар аз равандҳои сиёсӣ андак бохабар бошад, дар миёни сатрҳои онҳо ҳадафҳои шумашонро пай мебарад. Ҳадафи аслии ин фитнагарони наҳзатӣ на пуштибонӣ аз Иззат Амон, балки таҷовуз кардан болои номи Иззат Амон аст. Мехоҳанд аз номи Иззат Амон (ҳатто аз худаш намепурсанд, ки чунин “пуштибонӣ”-ро мехоҳад, ё не) барои, якумаш аз худ дарак додан ва дуюмаш ба нооромиву хушунат даъват кардани сокинон сӯистифода кунанд. Дар асл Иззат Амон кист? Танҳо бо як далеле, ки солҳо боз ба таври ғайриқонунӣ шаҳрвандии Россияро гирифта, аз паспорти он кишвар сӯистифода кардааст, ӯро метавон ҳамчун қаллоб шинохт. Ва маҳз бо ҳамин далел Ҳукумати Россия паспорти ғайриқонуниашро беэътибор дониста, ӯро аз кишвараш депортатсия кард. Боз ин ношукри асолатбохтаро, ба қавле, куҷо бардошту куҷо қабул кард – хоки Ватан. Ватан фарзандони нохалафашро ҳам гоҳе мебахшаду қабул мекунад… Аммо барои ҷиноятҳои қаллобиву сирқати маблағҳо бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
Дар ин росто, маълум мешавад, ки Иззат Амон қаллоби оддӣ нест. Бо эҳтимоли зиёд, мумкин аст пайраву ҳаводори ҳизби террористии наҳзати ислом ва шодихурдаи дигар хоинони миллат бошад. Вагарна чаро то ин ҳад онҳо шармандавор аз як қаллоби мардумфиреб ҳимоя мекунанд?!
Боварӣ дорем, ки ба ин ва дигар саволҳо пас аз ҷамъбасти татқиқот ва анҷоми мурофиаи судӣ нисбати Иззат Амон ҷавобҳои бештар дарёфт мекунем.
Ба ҳар сурат аз сокиноне, ки ҳанӯз аз фитнаҳои нопоки гурӯҳи террористии ҳизби наҳзати ислом бехабаранд ва аз дигар ҷавонони хунгарме, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чунин ифротгароён онҳоро ба зомбӣ табдил додан мехоҳанд, даъват ба амал меорем ҳушёру зирак бошанд ва ба ҳар гуна фитнаву иғвоҳои хоинон фирефта нашаванд. Зеро барои мо муҳимтарин масъалаи рӯз ин на боздошту ба маҳкама кашидани як қаллоби гузаро, балки Ворух аст! Ворухе, ки ба марзи номуси ҳар яки мо тоҷикони бонангу ор табдил ёфтааст! Маҳз вобаста ба ин масъалаи номусӣ бояд атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид шуда, ватанамонро соҳибӣ кунем!
Орзу ҲАМИДИЁН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *