САГ БОЗ БА ҶАКИШ ДАРОМАД

Шанбе, 27/03/2021-7:30

Ё ҷавоб ба Ҳусейн Ашуров

Ин субҳ дар шабакаи иҷтимоӣ ютуб навореро тамошо кардам, ки ростӣ ба нафар ташкилкунандаи суҳбат бо тамошобин оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ, набудани ҷойи кор, сатру ҳиҷоб ва кор кардани занон дар мардикорбозор буд, ба таассуф афтодам. Сад хайф ба чунин мардигарӣ, ки давлату миллати худро дар назди дигарон паст мезанӣ…

  1. Ягон шаҳрванди Тоҷикистона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Эмомалӣ Раҳмон ба муҳоҷирати меҳнатӣ нафиристодааст.
  2. Ҳар нафаре, ки меҳнати ҳалол кунад, соҳибмаълумот бошаду ҳунаре аз дасташ ояд рȳ ба муҳоҷират намеорад.
  3. Ки мегȳяд, ки хароҷоти сафари ба хориҷи кишвар рафтанашро аз ҳисоби давлат пардохт шуду маҷбуран ба дигар давлат барои пардохти қарз рафтааст.
  4. Магар барои сокинони кишвар дар Тоҷикистон ҷойи кор нест? Ҳаст ба шарте, аз зану фарзандон дар гурез набошӣ. Агарчанде дар моҳи март боришот зиёд аст, вале ҷавонони баору номуси тоҷик на дар хориҷи кишвар балки дар заминҳои наздиҳавлӣ ба хиштрезӣ машғуланд, ки ҳам дар назди зану фарзанд ва меҳру муҳаббати бепоёни хешро аз аҳли байташон кам намесозанд. Ё дар мардикор бозор кор мекунанд, магар ягон ҷойи шарм аст. Аз дуздӣ, роҳзанӣ ва дигар корҳои ношоиста зандан муздурӣ беҳ нест?
  5. Барои чӣ занон ба кор намебароянд? Бояд бароянд, чунки зан низ дар таъмини зиндагӣ баробари мард кор кунад, аз ҳисоби музди меҳнат зиндагиро пеш мебаранд.
  6. Ба сатру ҳиҷоби занон чӣ кор дорӣ. Ягон нафаре аз заноне, ки соҳиби маълумоту ҷойи кор аст, ҳеҷ гоҳ ба ягон кори ношоиста даст намезанад. Ҳамон занҳое, ки дар назар доред, ки ба роҳи бад рафтаанд, ҳамон кӣ ба чунин ҳолат овард, албатта шумо барин беватан! Чунки вақте, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ҳатто то ҷое мерасад, солҳо зану фарзандонро ба гȳшаи фаромȳшӣ бурда, дар мулки дигар оила барпо карда, ба айшу нȳш дода мешаванд. Пас зани танҳо бо 3-5 фарзанд чӣ кор бояд кунанд? Дар мардикорбозор айб бошад? Хариду фурȳш айб бошад, кори давлат накунад. Пас шумо барин лаинҳое, бо пули ҳароми хоҷагони хориҷиатон гирифта, ба фарзандонатонро луқмаи ҳаром медиҳад, инчунин кȳшиш мекунед, ки аз ночории ин гуна занони бесарпаноҳе, аз дар берунанд, барои як бурда нон ба амалҳои номатлуб рȳ оранд. Магар намешавад, ки мардаки мардонавор на ҳамчун барои як лаҳзаи дилхушӣ балки ҳамчун як фард ба он хоҳари муштипар кумак расонӣ?
  7. Дар Тоҷикистон ҳар фард агар содиқона кор кунад, ҳеч гоҳ рȳ ба муҳоҷират намеорад. Чаро мардҳо бештар рȳ ба муҳоҷират меоранд? Аслан мардҳо аз мушкилоти зиндагӣ рȳ ба гурез мениҳанд. Чунки ҳар саҳар аз хоб бархест зан камбудии зиндагӣ мегȳяд. Баъзеашон ҳатто фаромȳш мекунанд, ки баъди ба муҳоҷират рафтан, кадом фарзандаш кай таваллуд шудаву дар синфи чандум мехонам. Магар ин айб нест. Худро мард гирифта, аз аҳоли занҳоятон пурсон намешаведу аз дур истода санг мезанед. Ҳар нафаре соҳиби маълумот аст, кор мекунад, ҳеч гоҳ дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашад. Як бурда ноне ҳаст дар Тоҷикистон, ки бо зану фарзандон хуред. Пас чи суд аз ин гуфтаҳо. Ба қавле саг аз ҷакиш монад, мемурад???
  8. Агар кори хуб надорӣ, пас як сухани хуб надорӣ, ки теша бардошта ба решаи худ мезанӣ. Бо ин корат фикр мекунӣ, ки кори хуб кардӣ. Ҳаргиз на! Чунки мард нестӣ! Агар мард бошӣ, ҳеч гоҳ давлату миллати хешро дар назди дигарон паст намезанӣ…

Лаънат ба чунин мард будан!

Чи суд аз ин зистани марди зансифат…

Магар ғайбат, туҳмату буҳтон ва ҳарзагȳи кори зан нест….

Ҳайф ба чунин марди зансифат, ки дар назди интернет нишаста, боз сафсатагȳи мекунад…

Кош Худованд мардони зансифатро намеофарид…

Гулшани Сипеҳр

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *