Душанбе, 28/12/2020-12:01
Навори видеоии навбатии ифротиёни ҳаракати ҷиноии «Гурӯҳи 24» бо сарварии Ҳусейн Ашӯров бо нашр гардид. Ҳангоме шаҳрванди баномуси миллат бо ин тӯдаи авбошон ва галаи иғвогарон исбот мекунад, ки дар гумроҳи қарор доранд зуд довари ифротгар ва иғвогар Хусейни шӯркалла Аҳмад Карим язнаашро аз Амрико пайваст мекунад. Албатта мақсад боз ҳам аз дуртар аз он сӯи уқёнус сангпартои кардан нисбати миллату давлат ин ҳама намоишкорӣ карда мешавад. Як аблаҳи каллағафс шабона рӯз ғуломи «янкиҳои амрикоӣ» шуда истода, ба миллату давлат лаънат мехонад. Ин ҳама боз исбот дорад, ки бадхоҳони миллат ин галаи авбошони «Гурӯҳи 24» мебошанд.
Каллағафси сари чанбараки мошин нишаста имрӯз худро ном гузоштааст «Аҳмад Карим» ва баъд худро «сиёсатмадор» намоиш медиҳад. Зеро раҳбараш Ҳусейни Ашӯр аз «дворник»-и ба майдони сиёсат худро мезанад. Ин тавр аст шогирдонаш ҳам аз чанбараки мошин ба майдони сиёсат мезанад. Шогирд намунаи устоди «дворникаш» аст. Ин шикамтағора, ки аз пурхӯриаш аз ҷояш ҷунбида наметавонад мегӯяд маро аз савоб нагӯед ва аз Ислом сухан накунед. Аз ду се нафаре, ки хайрия кардааст миннат мекунад. Пас чи тавр ин миннатчиён ва лошахӯрони тоҷиктабор, ки аз «озодӣ» ва «адолат» лоф мезананд пагоҳ омада мегӯянд, ки давлатро обод месозанд. Ин иғвогарии Ҳусейн Ашӯр танҳо тамасхур ва таҳқир кардан нисбат ба миллати мо мебошад. Ин ҳарзагӯй Аҳмад Карим дар Амрикое, ки садсолаҳо истиқлолият дошта садсолаҳои дигар кишварҳои ҷаҳонро ғасбу ғорат ва истисмор карда буд қарор дошта, Тоҷикистони тозаистиқлолро ва аз чангу ғубори ҷанги таҳмилии ифротиён нав баромадаро бо ин абарқудрати ғасбгар ва ғоратгар баробар мекунад.
Аз тандурустӣ, ки иғвогарон лоф мезананд ҳама шоҳид ҳастанд тандурустии ягон абарқудратҳо ҳатто натавониста истодааст, ки муқобили панлдемияи вируси коруно истодагар шавад. Пас ин муқоиса ва баробаркунии иғвогарона танҳо барои бадном кардан ва сиёҳкории ҳукумаду давлат ва паст задани обрӯ ва нуфузи миллати мо мебошад.
Эй барзагови ифротӣ – Аҳмад Карим ту дар ҳамон Америка гамбургер хӯрда гард ва ба миллату давлат барои худнамоӣ сангпартоӣ накун. Лаънат ба чунин хоинони иғвогар, ки ба сафи шӯрмиҷозон ва ҷинояткорони ҳаракати иртиҷоии «Гурӯҳи 24» пайваста, мардумро таҳқиру таънаву маломат мезананд.
Самандарзода Карим. Омӯзгор