Иғвогарӣ бо зерниқобии «Бонки Осиёии Рушд»…

Душанбе, 28/12/2020-12:03

Дар рагу пайи иғвогари тоҷиктабор Шавкати Муҳаммад фитнагарӣ ҷори мегардад. Шавкати Муҳаммад дигар аз номи дигарон иғвогарӣ карданро моҳирона аз худ кардааст. Вақтҳои охир ин тиҳимағз аз маълумот ва ахбороти гӯё «Бонки Осиёии Рушд» лоф мезанаду ҳамчун далел худро зерниқоби ин ташкилот мегардонад. Ин каллағафс ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ҳокимиятро қабул надорад, акнун ба ширкатҳои хориҷӣ низ шакку шубҳа мекунаду дурӯғ мегӯяд, ки «далел нест, аммо як расонаи Олмонӣ…» яъне, худ эътироф дорад, ки ҳарзагӯи мекунад ва баъдан ба хоҷагонаш такя мекунад. Ягон мавзӯе нест, ки ин тиҳимағз ба Бонки Осиёи Рушд такя накунад. Гӯё, ки рӯзноманигори ин бонк бошад. Ин беақлу бефаросатро бубинед. Ширкатҳои Чин қарз додааст ва ва боз қарзашро гирифтааст. Ин бефаросатии Шавкати Муҳаммад чӣ маъно дорад. Барои сохтани роҳи Душанбе – Хуҷанд ширкатҳои сармоягузошта ба тадриҷ пули худро гирифта истодаанд. Барои ин мардум дар назди тарозуҳо маблағ месупоранд, то роҳ таъмиру нигаҳдорӣ шавад ва қарз низ ба тадриҷ пардохт карда шавад.

Абдуманнон Шералиев, ки худ як ифротии наҳзатӣ як ватанфурӯши дигар аст худро «коршиноси умури иқтисод» намоиш медиҳад. То кадом андоза мардумфиреб ҳастанд ин наҳзатиёни хоинсифат?! Аюб Эгамов низ лоф мезанад, ки дар дунё ин гуна роҳҳои пулакӣ мисли «Душанбе –Чаноқ- Хуҷанд» мавҷуд нест. Дар ҳоле, ки тамоми кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон чунин роҳҳои пулакӣ доранд. Назар кунед ба Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Россия, Ҷопон ва ё дигар давлатҳо, ки роҳҳои пулакӣ доранд. Боз ин иғвогарон ҳақиқатро аз мардум пинҳон карда, мехоҳанд мардумро ба шубҳа оварда бошанд.

Эй ҳамватанам! Бубинед, ки аз бумбасти коммуникатсионӣ берун шудани Тоҷикистон ва пайвастани тамоми манотиқ бо ҳам, ки кишварро пеш мебарад иниғвогаронро ба хашму алам овардааст, ки чунин наворро таҳия ва нашр месозанд. Ин одамкушон ва хоинони миллат наҳзатиёни касиф мехоҳад, мисли солҳои ҷанг ҷанубу шимол аз ҳам қатъшуда бошанд ва ҳаргиз ободиву пешрафт дар мамлакат набошад. Маблағҳои сармоягузорон ба ширкатҳои хориҷӣ тасдид карда мешавад, аммо ин тӯтии шикамтағора Шавкати Муҳаммад, ки зерниқоби маълумоти Бонки Осиё ва ё дигар ташкилотҳо худро қарор медиҳад аз тӯҳматгариву иғвогариаш даст намекашад. Шояд пули хоҷагонаш кам расида истода бошад ба ин сагсифати…?! Эй лошахӯр мо вазорати иқтисод надорем, мо Вазорати молия дорем. Шояд ту Тоҷикистонро бо кишвари хоҷагонат омехта карда истодаӣ?! Майнаи сари ин каллағафс аз гӯшти хуки салибиёнро хӯрдан омехта шудааст. Зеро то ҳол аз ҳарзагӯиву тӯҳмату иғвогарӣ хаста намешавад.

сокини ш. Хуҷанд Мавлоназорхӯҷа М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *