Панҷшанбе, 22/10/2020-17:31
Дар ҳақиқат ҳар як мақолу гуфтори пандомўзи аз ниёнони мо ба мерос монда бе ҳикмат нест. Мақолу зарбулмаслҳо хеле зиёданд ва ба назар мерасад, ки маҳз барои одамони даврони мо гуфта шуда бошанд. Чунончи зарбулмасале бо гуфтори зайл «Зоѓро агар бо гулоб шуянд ҳам, сафед намешавад» дар байни мардум маъруф мебошад. Агар ба маънои аслии ин масал назар андозем аён мегардад, ки мақоли зикргардида нисбати одамони бадгуҳар, фосиқ, ҷинояткор, туҳматчӣ, ѓайбатчӣ, фитнагар ва амсоли инҳо гуфташудааст, ки бо худсафедкунӣ, таърифу тавсифи ҳаммаслаконаш намешавад хислатҳои хабиси ин тоифаро рупуш намуд. Мутаасифона дар ҷомеа ашхосе ҳастанд, ки мехоҳанд худро паси пардаи дин пушонанд ва чеҳраи манфури худро ҳамчун тақводору парҳезгор ва ё пуштибони дину мазҳаб ва ё ѓамхори миллат нишон диҳанд вале бехабар аз онанд, ки як рузе парда меафтаду руи аслии онҳоро мардум мебинанд. Агар ватанфуришию мазҳабфуришии роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ борҳо аз ҷониби давлат ва ё шахсони наздики он исбот гардида бошад ҳам, ин фурухташудаи ҳалқабаргуш далелҳоро рад мекунад ва худро як «ѓамхори дину миллат» нишон медиҳад, вале бо гуш кардани суҳбати маҳрамонаи Муҳиддин Кабирӣ ва маъшуқааш метавон бараъло аз ки будану ба чикор машѓул шудани ин роҳгумзадаи хоин огоҳӣ пайдо кард. Агар ватанфурушию мазҳабфурушии М.Кабирӣ аз ҷониби як нафари ба қавле бегона гуфта мешуд, радшаванда буд, вале чун аз ҷониби маъшуқааш гуфта шуд ва ин хиёнаткор натавонист рад кунад баръакс бо як лавзи қабеҳ дашномҳо карду халос.Ҳамзамон ин суҳбати маҳрамона метавонад исбот намояд , ки роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат аз давлатҳои Эрон, Покистон , Туркия маблаѓҳои калон гирифтаву дар паи амали намудани ҳадафҳои ѓаразноки хоҷагонаш мекушид ва мехост дар ҷомеа мазҳаби бегонаро ҷорӣ намояд. Чун дар ҳар як баромади худ аз дин ва рукунҳои ислом истифода менамояд, дар муошираташ маълум мегардад, ки ин ҳамон воизе ҳаст, ки дар хилват кори дигаре мекунад. Имрузҳо ҳамагони симои разилонаи ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда намехоҳанд ба доми нохалафони миллаткуш афтанд. Ҳар шахс пас аз шунидани суҳбати маҳрамононаи М.Кабирӣ бо маъшуқааш ва ё зани дувумаш метавонад дарк намояд, ки ин саги устухонлес танҳо дар забон номи поки Худо дораду ба амалҳои бешарафонаву разилона ба мисли одамкушиву террористӣ, қатлу куштор, фаҳшу зино даст мезанад. Агар Муҳиддин Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳи медошт , ҳеҷ гоҳ бо як зан дурушт муомила намекард ва ҳеҷ гоҳ бар миллату давлат хиёнатро раво намедид. Зеро хиёнат бар давлат хиёнат бар модар аст , ки хеҷ гоҳ бахшида намешавад.
Худойдод Ёров, мудири
шуъбаи кор бо ҷавонони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш