Якшанбе, 11/10/2020 – 17:10
Дуюм, як мисоли кучак, Як сар занед ба сомонаи “Тасним”, ки ба Сипоҳи посдорони исломии Эрон тааллуқ дорад ва дар ҳамон ҷо расмӣ навишта шудааст “мақсади мо ташкили… созмондиҳии инқилоби исломӣ дар гушаҳои гуногуни дунё”.
Акнун бубинед, агар имрӯз, ин соат, онҳо саросемавор, шитобон кӯр накунанд, ҳазф накунанд ин саҳифаҳоро қариб тамоми ёрони Кабирӣ аз Паймони миллӣ, Наҳзати исломӣ меҳмони дойимии ин сомона ҳастанд. Ҳамин “Тасним” гӯем минбари наҳзат аст. “Ин ҳам беҳтарин нишондод аст”.
Боз як бори дигар такрор мекунам: “мухолиф, якум ақидавӣ, интихоби роҳ, фалсафа, ҷаҳонбинӣ, ҳар чизе, ки Паймони милливу Наҳзат…, аслан Паймони миллӣ чӣ аст? Ин як столу стулу дару девор барои ороиши наҳзат аст”.
Роҳи Наҳзат бозгашт ба асри пешин, бозгашт ба шиорҳое, ки барвақт бӯйи нафталин мекунанд ва куҳна шудаанд. Ва муҳим аз ҳама мустақил нестанд. Барои ман фарқаш нест, ки як қувваи сиёсиро, масалан, Вашингтон дастгирӣ мекунад ё ин ки Теҳрон дастгирӣ мекунад ё Маскав ё кишвари дигаре…