Ҷумъа, 09/10/2020-17:44
Мо аҳли зиё шукронаи тинҷию амонии давлати биҳиштосоямон мекунем, ки дар зери Парчами сулҳу субот ваҳдатофари кишвари ягонаамон зиндагӣ менамоем. Шукронаи марди оқилу доно хирадманду саховатпеша, ки имрӯз давлату миллати тоҷикро беш аз 190-давлати дунё мешиносад ва хоҳони онанд, ки аз обҳои мусаффояш аз кӯҳҳои сар ба фалак, аз гиёҳҳои дармонбахшаш дидан намоянд. Истиқлолият ин хандаи беғаши кӯдакон шодии модарон, ин фазои софу бегубори Тоҷикисон мебошад. Истиклолият ба осонӣ ба даст наомадааст, саҳифаи таърихи 29 соларо варақгардон намоем, басо таъсирбахшу нобахшиданист. Ҳазорҳо ҷавонони бегуноҳ кушта, кӯдакон ятим, модарони фарзанд гумкарда, ки то ҳоло чашм ба роҳи фарзанд нигарон аст, хонаҳои валангор, оилаҳо парешон буданд. Аз хона бурун наомада, тарсу ваҳм мардумро фаро гирифта буд, Пас чаро мо шукрона накунем? Пас чаро мо ба кадри ин қадар меҳнату заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқу миллати хеш ҷони худро дареғ надошта, шабу рӯз дар ободӣ, сулҳу субот заҳмат намудааст нарасем? Аҳолии кишвар зиёда аз 9 миллион нафар расидааст. Ҷавонони баору номуси ватан Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд намегузоранд, ки нохалафе ба сӯйи миллату давлати мо бо чашми бад нигарад. Ҷавонони даврони истиқлол ҷавонони соҳиб ирода бо дасту бозуи бузурги Рустамонона кушиш менамоянд, ки Ватану модари хешро азизу муқаддас донанд ва ҳаргиз ба дасти нохалафи роҳгумзадаи бемаърифат надиҳанд. Ин ҳама шаҳодат ба хизмати Ватан-модар содиқона хизмат намуданашон дарак медиҳад. Ҷавонони бо нангу номуси мардонавор бо хоҳиши худ ба хидмати аскарӣ рафта, адои хизмат намуда истодаанд.
Оё бадхоҳони миллату давлати тоҷик ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистони азизро нодида мегиранд? Оё онҳо коре ба анҷом расонидаанд, ки ба манфиати давлату миллат бошад. Онҳо чун чуғзи дар вайронаҳо болонишин, хизматгорони хоҷагони хориҷӣ буда, ба ҳар як атсаи хоҷагонашон лабай мегӯянду бо ду пули ҳаром ватанфурӯши мекунанд. Онҳо заррае нангу номус ва виҷдон надоранд, агар ба виҷдон мебуданд, ҳарзагӯйиро бас карда, шукронаи амну осоиши Тоҷикистонро мекарданд. Аз ин бар меояд, ки мақсаду мароми онҳо ин халалдор намудани сулҳу осоиши Тоҷикистони биҳиштосо мебошад. Аммо офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Мо-аҳли маорифи ноҳияи Вахш ба сокинон муроҷиат менамоем, ки волидайни азиз таълиму тарбияи фарзандонро дуруст ба роҳ монед. Ба роҳи рост ҳидоят намоед, то ба дигар корҳо даст назананд, аз пай илму дониш касбу ҳунаромӯзӣ гашта, ба миллати хеш манфиате расонанд. Мо аҳли зиё кӯшиш менамоем, ки насли наврасро дар руҳияи Ватандӯстию хештаншиносӣ пос доштани арзишҳои миллӣ, худогоҳӣ тарбия намоем. Кӯшиш созем, ки меҳри Ватан-модарро ҷой намоем. Таманнои онро дорем, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Вахш рӯзи 11 октябри соли 2020 бо дасту дили пок якдилон ба номзади арзандаи худ ва барои ояндаи кишвар овоз медиҳем.
Тоҷинисо Расулова,
мушовири шуъбаи маориф