ТТЭ ҲНИ омили асосии тафриқаандоз дар ҷомеа

Якшанбе, 04/10/2020-17:25

   Ҳануз солҳои охири побарҷо будани собиқ давлати шуравӣ, ҳизбу ҳаракатҳои  гуногуни сиёсии иртиҷоии хусусияти маҳалгароидошта дар кишвари мо арзи вуҷуд, карда буданд, ки ҳаркадоме аз он гуруҳҳо талош доштанд ба ҳар роҳу воситае набошад қудрати сиёсии мамлакатро ба даст биёранд. Дар ин қатор  роҳбарону муассиони ТЭТ ҲНИТ, ки зодагону бошандагони ноҳияи Вахш буданд,  хеле барвақттар бо роҳҳои ошкору ниҳон фаъолияти худро оғоз карда буданд. Саркардагони ин ташкилоти экстремистӣ дар оғози фаъолияташон аслан ба ду гуруҳ тақсим буданд. Гуруҳи якум пайравони равияи аслгарои ваҳобӣ, ки роҳбари маънавии он гуруҳ  Эшони Саидашраф  ва  гуруҳи дуюм пайравони мазҳаби шиа буданд, ки роҳбари ин гуруҳ Мулло Абдулло (Саид Абдуллои Нурӣ ) маҳсуб меёфтанд, ки дертар ин ду гуруҳи аз ҷиҳати ақидавӣ ба ҳам мухолиф бо ҳам омада ТЭТ ҲНИТ-ро созмон доданд. Намоянагони ҳарду гуруҳҳои зикргардида пайваста дар байни мардум ошкорову пинҳонӣ ақидаҳои мазҳабии бегонаро таблиғу ташвиқ карда, дар аксар мавридҳо таълимоти мазҳаби ҳанафиро танқид карда ҳатто куфр мехонданд. Ҳолатҳои зиёде буданд, ки руҳониёни асили мазҳаби ҳанафи аз мақсадҳои ғаразноки онҳо воқиф гашта, таблиғотчиёни наҳзатиро аз сухан гуфтан боз медоштанд ва ҳатто баъзан баҳсҳои онҳо ба задухурд анҷом меёфт.  Мутаасифона пайравону муридони имрўзаи ТТЭ ҲНИ имрўзҳо ҳам бо пайроҳаи устодону роҳбарони собиқи худ қадам монда, бо ҳар роҳу восита талош доранд ҳадафи аслии худро, ки бунёди ҷомеаи исломии шиагаро мебошад амалӣ созанд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ, ки тамоми фаъолияташро дар ҷаҳорчубаи  дастуру супоришҳои бевоситаи охундҳои эронӣ  амалӣ менамояд, бо роҳу воситаҳои гуногун мехоҳад ҷавонони камтаҷрибаву камсаводи дар муҳоҷиратбударо ба худ моил намуда, ба амалҳои экстремистӣ ҷалб намояд. Дар ин радиф ҷавонони огоҳу саодатманди кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ дошта бошанду , ҳаргиз ба доми фиреби ифротиён наафтанд. Зеро ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон, ҳифзи ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу дўстӣ, ҳифзи арзишҳои миллиамон ва таъмини хушбахтии наврасону шодии ҳамешагии модаронамон рисолати ватандўстӣ ва мардонагии ҷавонони садоқатманди кишвар мебошад.

О. Маҳмадов,

Раиси КИ ҲХДТ дар н.Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *