БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

Панҷшанбе,01/10/2020-20:04

Тавассути оинаи нилгун филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки дар бораи воқеаҳои мудҳиши солҳои 1990-1992-ум ва амалҳои хиёнаткоронаи хоинони миллат нақл мекунад, намоиш дода шуд. Мо-аҳли зиё онро тамошо карда, он рӯзҳои мудҳишро, ки бо чашми худ дидаву аз сар гузаронидем, тавассути наворҳо дидем.

Чӣ рӯзҳои вазнину даҳшатнок ҷангу куштор, ғоратгарию гуруснагӣ, оворагию саргардонӣ, ки солҳои навадуми асри гузашта хоинони миллат аз рӯйи нақшаи таҳрезинамудаи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми кишварамон оварданд.

Бо кӯшишу талошҳои фарзандони фарзонаи ин миллат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо сулҳ пойдор гардид.

Дар воқеъ, имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тавонистаст, ба дастовардҳои назаррас ва намоён ноил гардид.

Самари Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар кишвари мо ин оромӣ, сулҳу субот ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Аммо имрӯзҳо ҳастанд нафароне, ки аз сарҷамъ гардидани миллати тоҷик, сулҳу субот ва оромии кишвар ва ба пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии он кинаву бадбинӣ дошта, миёни аҳолии сулҳпарвар ва меҳнатдӯсти тоҷик бо ҳар роҳу восита тафриқаандозӣ менамоянд.

Яке аз чунин курнамакон гурӯҳи хоинони миллат мебошанд, ки куфри неъмати озодиву истиқлол намуда, ғуломи бегонаҳо гаштаанд.

Бештар ин тафриқаандозиҳоротариқи шабакаҳои иҷтимоӣ он хоиноне анҷом медиҳанд, ки дар давлатҳои хориҷ, хусусан Аврупо сукунат дошта, зархариди хоҷагони бадхоҳӣ миллатамон гаштаанд.

Хоинони миллат нангу номусашонрофурӯхта имрзҳо дар пайи гумроҳ кардани дигар ҷавонони бетаҷриба мебошанд.

Аммо имрӯз миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат ва фарзандони боору номусаш тавонистаст, ки дар таърихи наонқадар дарози соҳибистиқлолӣ як зиндагии шоистаро барои худ аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барпо намояд.

Таърих ба ҳама суолҳо ҷавоб дорад.

Бо гузашти ду даҳсола аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ воқеиятӣ он рӯзҳо ба ҳамагон аён аст, ки аз сӯйи собиқ масъулони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ боз ба сари мардуми тоҷик нооромиҳоро мехоҳанд, ташкил кунанд.

Пайваста тавассути маводи иғвоангезон бар сари миллати тоҷик ва намояндагони давлату Ҳукумат борони тӯҳмат мерезанд, баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд.

Махсусан ҳамин паймонсозиҳои мазҳакавиашон нишон дод, ки дигар дар хориҷи кишвар ҳам обруву эътиборашонро аз даст доданд.

Ин хоинони миллат, хусусан ифротгароён дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломиро нодуруст шарҳ дода, дар маҷмуъ дар назди кулли мусулмонон беэътибор гардиданд.

Ба афроде, ки байни мардум тафриқаандозӣ менамоянд, бояд расонем: “Бори каҷ ба манзил намерасад” ва барои ҳамватанони азиз чӣ гунае, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қайд менамоянд:

“Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд, вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаю эҷодкор буданашон, инчунин бояд сарҷамъумутаҳҳид бошанд. Ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд ва аз даст надодани зиракии сиёсиро лозим мешуморем”.

Хоинони миллат бо ҳар роҳе набошад мекӯшанд, ки саддироҳи зиндагии хушбахтонаи мардум гарданд. Онҳо лаънаткардаи халқ чун ҳар ташкилоти дигари террористии ҲНИ ҳадафи дар Тоҷикистон ноором кардани вазъи сиёсиро доранд, ки мардуми бофарҳангу қавииродаи мо инро хуб медонанду бар зидди ин хоинони миллат ҳамеша мубориза мебаранду хоҳанд бурд.

Аҷиб ин аст, ки ҳамин хоинони миллат мехоҳанд ваҳму тарсро ба сари миллати мо гузоранд.

Сулҳу ваҳдат орзуву омоли кулли мардуми кишвар аст, мо – тоҷикон намегузорем, ки чунин нохалафон боз дубора ба сари халқи мо мақсадҳои нопоку ғаразнок ва душманонаи худро амалӣ созанд.

Мо ояндаи неки давлату миллатро дар суботу оромӣ мебинем ва Тоҷикистони биҳиштосои худроҳамчун гаҳвараки чашм аз нохалафони беватан ҳифз менамоем.

С. Саидакбар,

омӯзгор-сокини ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *