Cешанбе, 22/09/2020-17:36
Боз ҳам шунидам, ки омадӣ, омадӣ, ба дилҳо шодиву нишот, ба ҷисму ҷон неру, руҳи равон овардӣ. Омаданҳояиро мардум чун ид истиқбол мегиранд, чунон ки пешо-пеши иду айём хонаву дар мерӯбанд, ҷою макон тозаю озода мекунанд. Ҳамон гуна, балки аз он дида бештар омода мешаванд, намехоҳанд, ки бо каме костагӣ қалби пур аз садоқату матонати Ҷаноби Олиро хиҷил ва хотирашро озурда созанд.
Эй ваҳ, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат омаду бо қудуми некаш файзу баракат, бо чеҳраи кушодааш шодиву хурсандӣ, бо лафзи ширинаш лутфу марҳамат, бо ақлу идрокаш кушоиш овард.
Ҳар Ҷаноби Олӣ саропо меҳр асту вафо, сидқ асту сафо. Кулли олам медонад, ки барои тоҷикону тоҷикистониён чӣ хидмати арзандае намудааст.
Сулҳу ваҳдати комил, ки имрӯз дар сарзамини Тоҷикистон пойдор аст, шарофати ҷонбозиҳояш аст. Тозакориҳо, ободгароиву созандагиҳо, шукуфтану хурушидан, зиндагии хуррамонаи пиру ҷавони сарзамин ҳама хости Худо ва самараи талошу ҷонбозиҳо, таъкиду супориш, даъватҳои инсондӯстонаву дурандешонаи Пешвои миллат аст, ки қисмате аз мардони саховатпеша имрӯз дасти хайру сахо ба рӯи ниёзмандон доранд. Дар ҳар канор тӯю сур ороста, дили садҳо тифлакони кӯчаку ҷавонони некбахтро шод мекунанд.
Тӯли солҳои сарвариву роҳбарии Ҷаноби Олӣ ончунон дигаргуниҳои бемисле дар ҷодаи сохтмон сомон ёфтааст, ки мислашро касе дар гўшаи хаёл ҳам надошт. Ҳар гӯшаю канори Ватан, бо қудуми некашон пурфайз, зебову мунаққаш гаштааст.
Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон омад, вуҷудаш сириштаи меҳру муҳаббат ба сарзамин, халқу миллат аст. Хоксору фурӯтан, шахсияти шинохтаву арзанда, марди Худо, он гуна бо халқи азизаш самимона суҳбатороӣ кард, ки боз ҳам зиёдатар дӯсташ медоранд, ҳар сухан, ҳар дастуру ҳидояташро бо хушнудӣ пазироӣ мекунанд. Омаданҳои Пешворо ҳама хурду бузург интизорӣ кашиданд, дидори мубораки ӯро фоли нек медонанд, Пешвои миллатро дидам, бо оинаи нилгун на, балки назди мо буд, бо мо ҳарф гуфт, писарам гуфту духтарам, бародару хоҳарам гуфт, хушам омад, Худованд сафи чунин мардони нексириштро дар Тоҷикистони азизам зиёда созад ва ин мулки аҷдодӣ боз ҳам ободтару зеботар гашта, мардумонаш зиндагии шоиставу арзанда ба сар баранд.
Тоҷикистони азизи ман, – пораи биҳишт дар рӯи замин ҳастӣ, фарзона фарзандонат ҳифзат мекунанд.
Мислат сарвари вафодор, ғамхори халқу мењан, парастори ятимону бепарасторон касеро ёд надорем. Душвортарин лаҳзаҳо бо мо будӣ, имрӯз низ бо мо ҳастӣ ва дасти дуо кушодаву аз даргоҳи Яздони пок таваллову илтиҷо мекунем, ҳамеша ҳукмрон, комёб, сарфарозу бениёз бошӣ! Ҷаноби Олӣ, аз омаданҳои Шумо садҳо вайронаҳо ободу ҳазорон қалб шод мегардад. Ҳар қудуми Шуморо нури дидаву тоҷи сар мекунем. Зиҳӣ, зиҳӣ, Пешвои миллат!
Оймоҳ Ҳасанова,
Аълочии фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон