Якшанбе, 13/09/2020-12:05
Аз бостонзамон то имрўз халқи тоҷик бо инсондўстии хеш шинохта шуда, дар ин замина маҷмуи талаботи ахлоқиро кор карда баромадааст, ки он пурра ба тарбия ва камолёбии инсон ихтисос ёфтааст. Ҳамчун сарчашмаи парвариши руҳу ҷисми одам дар тўли ҳазорсолаи охир ақидаҳои инсонпарваронаи бузургмардони миллати мо ба башарият хидмат кардаанд. Ин омили ифтихорӣ сарчашма ба ду тамаддуни инсонӣ-тамадуни ориёӣ ва исломӣ дорад, ки халқи тоҷик дар шаклгирии ин ду тамаддун нақши бориз дорад.
Дар замони муосир бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин сарчашмаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, аз уқёнуси баҳри бекарони ҳикмати тоҷикӣ-форсӣ дурри шаҳвор ба каф оварданд ва дар хидмати ҷомеа қарор доданд. Чашмандозе ба ибтикороти кишвар дар самти эҳёи анъанаҳои миллӣ, густариши ваҳдат дар ҷомеа, таҳкими истиқлолият, равобити ҳасана бо тоҷикони бурунмарзӣ ва истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар сохтмони давлати дунёвӣ, демократӣ собит месозад,ки роҳи дурусти давлатсозиву миллатсозӣ интихоб шудааст. Раҳбарияти олии кишвар дар фаъолияти хеш инсонро меҳвари асосӣ дониста, аз нигоҳи ҳуқуқи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, эътиқодӣ ва ғайра барои сокинони мамлакат имкониятҳои баробар ба вуҷуд оварда, шудаанд, ки ин ҳама устувор дар пойбасти гуманизми тоҷикона қарор дорад.
Аз ҳама муҳим он аст, ки дар хислат ва андешаи мардуми тоҷик инсонбадбинӣ, миллатчигӣ ҷой надорад. Экстримизму тундгароӣ низ дар фарҳанги ин миллати некбину некдил ҷой надорад. Аммо дар охири қарни гузашта ва ибтидои садаи ХХ1 ҷараёнҳои ифротӣ ба сари мардуми табиатан беозори тоҷик бор шуда, бадбахтиҳои зиёде ба бор оварданд. Қувваҳои манфиатҷўи муайян ба эҳсоси эътиқоди халқ нохун зада, бо роҳи найрангбозии сиёсӣ ҳар гуна ҷараёну равияҳои гўё мазмуни динидошта, вале дар асл ифротиро дар ҷомеаи мо густариш доданӣ мешаванд ва ба ин васила вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ноором кардан мехоҳанд.
Чаро? Зеро кишвари мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар мавқеи бархурди манфиатҳои шарқу ғарб ҷойгир буда, абарқудратҳо мехоҳанд, кишвари моро дар ҳолати дастнигарӣ қарор дода, ҳадафҳои геополиттикии хешро амалӣ намоянд. Барои ҳамин мо бояд ҳамеша вазъи ҷаҳонро пеши рў дошта бошем, онро таҳлил карда, хулосаҳои дуруст барорем.
Ифротгароӣ ва фанатизми динӣ дар баъзе нуқоти ҷаҳон доман густурда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ин падидаи номатлуб хоси тафаккури миллии мо набуда, баракс ба арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ бегона аст. Таваҷҷуҳ ба ин масъала ва гаравиши ҷавононро ба ин ҷараёнҳои ифротӣ пешгирӣ кардан ҳамеша рўзмарра аст ва ба ормонҳои башарият созгор мебошад. Аммо қувва ва ҷараёнҳои муайян ва доираҳои сиёсие низ ҳастанд, ки ин падидаҳои номатлубро либоси динӣ ва миллӣ мепушонанд ва ба ин васила ҳадафҳои гегемонӣ ва геополитикии хешро амалӣ кардани мешаванд. Ба ин васила вазъи ҷаҳонро ноустувор мекунанд. Аз як тараф тамаддунҳоро ба ҳам муқобил гузошта, дар заминаи ақоиди динӣ дар байни аҳли башар тухми нифоқ мекоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ин маъниро таъкид карда, даъват ба амал овард, ки аз нигоҳи сиёсӣ зирак бошем ва манфиатҳои давлативу миллиро дар кору рафтори хеш ҳифз намоем. Аз ин рў, дар назди мо вазифа меистад, ки ба тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи бештар равона карда, парда аз рўи бозиҳои сиёсӣ бардорем. Ба ҷавонон фаҳмонем, ки Давлати исломии Ироқу Шом дар асл дини мубини исломро тарғиб намекунад, балки бо амалҳои зиддиинсонӣ дини исломро доғдор ва дар назари оламиён бад нишон медиҳад.
Сарбурӣ, оташ задани одамони зинда, рабудани одамон ва сабт карда, дар шабакаҳои ҷаҳонии интернет паҳн кардани амалҳои зишташонро ҳадаф он аст, ки мардуми шарқу ғарб аз ҳам фосила бигиранд. Ҷудоӣ биҷўянд ва халоъи ба амал омадаро бо мафкураи асримиёнагӣ пур карда, инсониятро ба вартаи бетаг тела бидиҳанд. Ба ин хотир дар Осиёи Марказӣ ҷараёну гурўҳҳои ифротгароро созмон дода маблаггузорӣ мекунанд. Билохира мехоҳанд оромиро дар кишварҳои Осиёи марказӣ, махсусан Тоҷикистон ноором кунанд. Ба ин хотир як силсила ҷараёну равияҳои тундгаро аз қабили «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва ғайра таъсис дода, фаъолияти онҳоро роҳандозӣ кардан мехоҳанд. Ин хатари бисёр ҷиддӣ аст. Пеши роҳи онро аҳли ҷомеа, ҳамаи ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, хусусиву эътиқодӣ дар маҷмуъ мардум бояд бигиранд. Зеро ин раванди носолим ба бархурди тамаддунҳо оварда мерасонад. Ҳол он ки тамадунҳои башарӣ имкон фароҳам оварда метавонанд, ки инсонҳо боз ҳам дўсттар шаванд. Аз дастовардҳои илмию амалии хеш ба хотири созандагӣ истифода баранд.
Падидаи номатлуби дигар миллатгароӣ (фашизм) мебошад, ки дар таърихи башарият маҳкум шуда дар огози асри иттилоот дар Украина хуруҷ карда, як кишвари ободро ба харобазор табдил доданд. Равобити минтақаҳои гуногун канда шуда, мардум аз нигоҳи иқтисодиву сиёсӣ фарҳангиву иҷтимоӣ зарар диданд. Муҳимтарин арзишҳо, аз ҷумла, саҳми халқҳои Шуравӣ дар ҷанги зидди фашизм беарзиш қаламдод гардида, баракс онҳое, ки фашизмро дастгирӣ мекарданд, қаҳрамон нишон медиҳанд, ки ин дар арафаи 70 солагии ғалаба бар фашизм қобили қабул нест. Амалҳои ноороми Украина вазъи ҷаҳонро ноором карда, даҳҳо ҳазорро бехонаву дар, зиёда аз миллион нафарро ба муҳоҷират кашид ва ин боиси ташвиш дар кишварҳои пасошўравӣ ва тамоми дунё гардид. Барои ҳамин ҳам мо бояд миллатчигӣ (национизм,-фашизм)-ро маҳкум карда, адолати иҷтимоӣ ва баробариву бародарии одамонро дар кишварамон устувортар намоем.
Собиқ Вазири амнияти Иттиҳоди Шўравӣ Юрий Андропов фанатизми динӣ ва миллатчигиро дуо омили фалаҷкунандаи сохторҳои давлатӣ номида буд. Аз ин рў, вазифа меистад, ки аз ин хатарҳои воқеии дунё давлату миллатамонро эмин нигоҳ дорем. Ғояҳои инсондўстӣ, ватанпарварӣ ва мафкураи миллиро тарғиб сохта, аз нигоҳи қонун баробар будани одамонро аз ёд набарем ва баҳри ободии кишвар, озодии мардум густариши арзишҳои милллӣ ва башарӣ дар Тоҷикистони офтобрўя ноил шавем. Миллати соҳибхираду фарҳангӣ ва соҳибтамаддун буданамонро бо кори амалии содиқона нишон диҳем.
Шаҳриёр